Муҳтарам кабирипарастон, бо дарду алам ба Шумо муроҷиат менамоям, ки маблағҳои аз ҳисоби беақлии гумроҳон ҷамъкардаи ман рӯз то рӯз кам шуда истодааст. Бо баҳонаи «Эъломияи Кумитаи шаҳрвандии зиндониёни сиёсӣ» шуморо ба митинг даъват намуда, мехоҳам мавқеи сипсиёҳи сиёсии худро сиёҳтару суратҳисоби бонкиамро аз ҳисоби беақлии гулу гумроҳон афзун гардонам. Худоё, сафи беақлаконро бештару аз ин ҳисоб долларҳои маро зиёда гардонӣ… – Мақсад дорам, ки зимни роҳпаймоӣ нооромӣ ва террор сурат гирад. Барои ин кор ду се аблаҳро низ тайёр кардаам. Дусе каси дигар ҷароҳат бардорад, хуб аст. Охир ману пайравони ман сабаби марги садҳо ҳазор ҳамватанон шуда, аз ҳамин ҳисоб бой шудаем. Ин дафъа боз ду се ҷароҳат шавад, ҳеҷ боке надорад… Айбашро ҳатман ба сари Ҳукумати Тоҷикистон мезанем. Мақсади пасипардагии ман дар кӯчаҳои Аврупо кайфу сафо карда гаштан аст… Чунки “бародарони аврупоӣ” вақтҳои охир аз мо дилашон мондагӣ барин. Масъалаи буду боши моро бардоштанианд. Барои ҳамин як митинг карда, чорта лоф занем, шояд дурӯғамон манфиат орад… Ҳар қадар гумроҳакон дар атрофи мо ҷамъ шаванд, ҳамон қадар эътимоди мо баланд мешавад. Хоҷаҳо зуд бовар мекунанд, ки ин тӯда бечораяконе ҳастанд, ки ба кӯмаки демократӣ ниёз доранд. Сонӣ ба мо пул медиҳанд. Аз кабирипарастон ва гумроҳакон боз як хоҳиши дигар дорам. Вобаста ба он, ки доим хабарнигорон дар расонаҳо роҷеъ ба 3 млн. доллари ИМА-и ман ва 1,2млн.доллар, ки ба ҳоҷӣ Ҳалим ирсол шуд, менависанду менависанд Аммо шумо доир ба ин 2-3- тангаи пучак нигарон набошед ва барои де се суми пучак бояд обрӯи якдигарро нарезонем, охир мо ҳама фарзандони наҳзатием-ку! Шумо бовар кунед, хонаву дар ва мошинҳои ман ҳамагӣ буду шуд 10 миллионак аст. Охир ин рақамро бояд зиёд намуд. Аз ин рӯ, мани бечораро дастгирӣ кунед, ҳатман ба митниг бароед. То ки миллионакҳои ман бо сабаби беақливу гумроҳии шумо ба миллиард расад. Мебиёед – а? Ба беақливу гумроҳии Шумо муътамидам ва комилан боварӣ дорам, ки маро дар ин пайроҳаи нафсу шайтанат танҳо намегузоред.
Сабтҳои охирин
САХОВАТМАНДОНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ФАЪОЛАНД
Posted on Author Tursunzoda
Имрӯз аз ҷониби ҶДММ “Ҳоҷӣ Файзуллохон”, ки сарварии онро соҳибкори муваффақ Рустам Раҷабалиев ба уҳда дорад, ба беш аз 100 нафар кормандони соҳаи тиби шаҳри Турсунзода, ки дар ин рӯзҳои душвор ба табобати гирифторони бемориҳои сироятӣ машғул буда, ҷиҳати рафъи он содиқона хизмат мекунанд, кӯмаки моддӣ аз қабили орд, равған, шакар ва ғайраҳо расонида шуд. […]
ТЭО ПИВ и басмачество – братья-близнецы
Posted on Author Tursunzoda
В воспоминаниях о безжалостно убитом земляке, Герое Советского Союза Хайдаре Косимове его
День защитника Отечества – день скорби по погибшим
Posted on Author Tursunzoda
По славной традиции 23 февраля, в День защитника Отечества мы чествуем этих отважных людей, вспоминая и тех героев, кого, к сожалению, уже нет с нами.