М.Кабирӣ ва роҳбарони ин паймони сунъӣ чеҳраҳои дурӯғини сиёсиеянд, ки фақат барои ҳангомаҷӯӣ ва рӯзгузаронӣ жожхоӣ мекунанд. Онҳо хӯсаҳоеянд, ки хоҷагонашон ба воситаи онҳо мехоҳанд то ҳадди имконпазир буҳронзоӣ ва ҳаросафканӣ кунанд.
Додоҷони Атовулло ҳамчун яке аз чеҳраҳои шинохта ва собиқадори ҷабҳаи мухолифони тоҷик, ки қаблан ба ҳайати ИНОТ ҷалб шуда буд, айни замон аз ҳамкорӣ бо наҳзатиён изҳори пушаймонӣ ва ҳатто тавба карда, дар мавриди Кабирӣ, ТТЭ ҲНИ ва “Паймон”-и таъсисдодаи ӯ дар фазои маҷозӣ иттилоотеро таҳти унвони “Тавба ё розрез ба хотири 150000 нафар қурбониёни ҷанги бародаркуш” интишор додааст, ки бо он симои аслии ин хӯсаи сиёсиро тасвир кардааст. Додоҷони Атовулло, ки ҳизби наҳзатро моли Нурӣ ва “Паймон”-ро моли Кабирӣ ҳисобидааст, ҳамчун нафаре, ки ҷонибдори пешрафти Тоҷикистон аст, мегӯяд, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш “имрӯз боз ҷавонони соддадили навро ба майдон мехонанд. Ба Аврупо даъват мекунанд, ки ину он медиҳем. Мо Ҳукуматро гирем, вазиру сафир мешавед. Мо “проектҳои калон” дорем. Биёед, ба мо пайвандед, бароятон паноҳандагӣ мегирем”.
Бовар накунед. Ба хиёнаткор як бор бовар кардан шояд камоли бузургворист. Аммо ду бор бовар кардан камоли аблаҳист.
Бовар накунед, агар сад бор тавба кунанд.
Бовар накунед, агар сад бор савганд ёд кунанд.
Бовар накунед, агар ҳазор бор баёния пахш кунанд.
Бовар накунед, агар сад бор паймон бубанданд!”
Додоҷони Атовулло, ки солҳо бо наҳзатиён паҳлӯ ба паҳлӯ дар як саф фаъолият кардаасту онҳоро аз наздик мешиносад, дар бораи ин риёкорон мегӯяд: “Ҳама ҳарфашон дурӯғ аст… Намози онҳо дурӯғ аст. Мусалмонии онҳо дурӯғ аст. Одамияти онҳо дурӯғ аст”.
Додоҷони Атовулло барҳақ М.Кабириро чун дигар ҳаммаслакони наҳзатии ӯ фарди риёкору ноҷавонмард хонда, таъкид медорад, ки вай аслан ба ҷуз чанд “роҳмондаву вомонда” ҷонибдоре надорад. Ба қавли худи ӯ: “Насиҳатгарон аз чор канор машварат медиҳанд. Эътилоф кунед. Бо ҳам биёед. Ба хари кӯр ҳам маълум аст, ки эътилоф хуб аст. Аммо бо кӣ? Бо нафаре, ки муқаддасот надорад? Бо нафаре, ки худро ҷонишини Худо мешуморад? Бо нафаре, ки дар хунаш қатрае мардӣ ва ҷасорат нест? Бо як артисте, ки шунавандааш ду-се роҳмонда ва вомонда аст?”
Додоҷони Атовулло дар идомаи изҳори назари хеш мегӯяд, ки ин андешаҳо дар бораи Кабирӣ ва ҳамҳизбҳояш фақат дидгоҳи шахсии ӯ нест. На фақат мардум, балки тамоми мухолифоне, ки дидгоҳи мунсифона доранд, ба Кабирӣ чунин баҳо медиҳанд.
Дар воқеъ вақт довари ҳақиқат аст. Бо гузашти вақт мардум ва ҳатто ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ чеҳраи махуфи онро шинохтанд ва феълан аз он канор меҷӯянд. Онҳое, ки қаблан бо ин ҳизбу роҳбарияти он ҳамкориву ҳамсӯӣ мекарданд ва алайҳи Ҳукумати кишвари худ мавқеи сиёсӣ мегирифтанд, имрӯз дар заминаи огоҳӣ ва шинохти воқеият изҳори пушаймониву надомат менамоянд.
Иқрор бар хатои худ низ навъе аз ҷавонмардӣ аст. Ба хотири ободии Ватан бозгаштан аз роҳи хато ва по гузоштан дар масири сиёсие, ки боиси ҳифзи манофеи миллии мо ва таҳкими амну суботи сиёсии ҷомеаи кишвар мегардад, вазифаи ҳар фарди ватанпараст ва миллатдӯсте аст, ки шояд нохудогоҳона замоне мунҳариф шудааст. Аммо то ин ҳадди ташаккул ва таҳаввули фикрӣ ҳам афроде мерасанд, ки якрӯ ва меҳанпараст бошанд. Барои афроди дурӯяву хоине чун Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, ки дар умқи чоҳи таассуб ва гумроҳӣ афтодаанд, муҳол аст, ки аз он варта берун оянд.
Хусрави Шерзод, таҳлилгар