Хабарҳо

ОЛУС ҲАМАРО КАҶМАКАҶАК МЕБИНАД

print
Ба «равоншинос»-и дарбадар
Кури Саидюнус
Даъвӣ дорӣ – гаштайи равоншинос,
Аввалан шахсияти худро шинос!!!
Бо ду-се дирҳам фурӯхтӣ мазҳабат,
Дониши андӯхта дар мактабат.

Суннати аҷдоди худ додӣ ба бод,
Рӯҳи онҳо омадаст аз ту ба дод.
Дар пайи сарват гузоштӣ ёрро,
Пойбусӣ мекунӣ ағёрро.
Мезанӣ лофу газоф аз номи дин,
Динфурӯшӣ дорӣ пинҳону яқин.
Миллатат савдо задӣ аз тору пуд,
Чеҳраат бигрифтааст шакли яҳуд.
Пушти айнак чашмҳо пинҳон макун,
Тақлиди ҷадди худат-шайтон макун.
Хоямоли чанд охун гаштайӣ,
Ҳамчу чирки зери нохун гаштайӣ.
Ҳар касеро дар ҳаёт роҳе бувад,
Гаҳ шикасту тавфиқаш гоҳе бувад.
Ту Юнуси Истаравшан аз нахуст,
Роҳи пулёбии осон доштӣ дуст.
Хизмати бегонагон бастӣ камар,
Аз хиёнат ҷайби ту дорад самар.
Эй палид, аз дин магӯ асло сухан,
Ту барои кисаат бифрӯхтӣ зан.
Пушти зиндон бо ҳазорон ранҷу дард,
Қалби ташна аз ҳаёташ гашт сард.
Аз даюсӣ роҳатат бисёр шуд,
Доштани номус бароят ор шуд.
Мардиро нест дар вуҷуди ту нишон,
Эй ҳабиси лухтаки пеши касон.
Бо имони мардумон бозӣ макун,
Аз худат шайтонро розӣ макун.
Мазҳаби шиъа бароят ҳаст азиз,
Ё гадоӣ луқмааш бошад лазиз?
Бош хомӯш, дигаронро кор магир,
Чун фурӯхтӣ мазҳабу имону пир!
«Кимиё»-и ту «саодат»-дор нест,
Дар замин монанди ту беор нест.
Тоҷик андар ҳар замону ҳар макон,
Мисли ту хоин набуду ломакон.
Буди андар даргаҳи охунди Қум,
Як гароишхӯрдаи номарди шум.
Мазҳаби дирӯзи худ бифрӯхта,
Ҳафт пушти суннататро сӯхта.
Шиъа чун аз пушти қоқат сер шуд,
Кафш дар пешат гузошт, ки дер шуд.
Дорӣ ҳоло хизмати лубнониҳо,
Луттии пасмонда аз эрониҳо.
Дон, бувад фарҷоми ту шармандагӣ,
Дар ғарибӣ мурдану дар бандагӣ.
Ҳар касе худро зи миллат дур кард,
Тақдиру ояндаи худ кур кард.

Ҷамшеди Ҷайҳунӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *