ДУШАНБЕ, 24.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ин нуктаро Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Эмилиа Пума зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, зикр намуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, хонум Эмилиа Пума дар бораи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар самти амният ва мудофиа сухан ронда, зикр намуд, ки ҷониби Амрико аз рафти тафтишот ва таҳқиқи ҳодисаи террористии дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара рухдода, ки сабаби кушта шудани 4 сайёҳи хориҷӣ, аз ҷумла ду шаҳрванди ИМА гардид, қонеъ аст ва миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан ба мақомоти тафтишотӣ ҷиҳати сари вақт ошкор ва дастгир намудани ҷинояткорон мерасонад.
«Зимни суҳбат бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо итминон ҳосил кардем, ки тафтишот ба таври зарурӣ пеш меравад ва намояндагони мақомоти Тоҷикистон омодагии худро барои ҳамкорӣ бо мақомоти ИМА иброз намуданд»,-зикр намуд Эмилиа Пума.
Инчунин хонум Эмилиа Пума таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар сатҳи байналмилалӣ аз сиёсати ҳамдигар дастгирӣ мекунанд. Ӯ гуфт: «Аз мулоқоту гуфтугӯҳо бо намояндагони мақомоти Тоҷикистон маълум гардид, ки онҳо омодаи ҳамкории бештар бо ИМА ҳастанд ва ин моро хурсанд намуд. Мо метавонем дар самтҳои сиёсӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва амнияти минтақа ҳамкории судманд дошта бошем».
Ёдовар мешавем, ки дирӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ бо муовини Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Эмилиа Пума мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни ду давлат мавриди муҳокима қарор доданд.