Сиёсат Хабарҳо

МУРОҶИАТНОМАИ Ҷавонони вилояти Суғд ба тамоми мардуми  Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

print
Мо, ҷавонони вилояти Суғд вобаста ба вазъияти кунунии ба амаломада дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва нашри ақидаҳои муғризонаи гурўҳҳои мухолиф нисбат ба шароит ва ҳолати имрўзаи ин пораи Тоҷикистон, ба тамоми мардуми шарифи он, аз ҷумла ҷавонони минтақа муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки имрўз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гурўҳҳои ҷиноятӣ гардида, нисбат ба марзи аҷдодӣ ва сарзамини поки ниёгони хеш ҳар гуна амалҳои номатлубро раво бубинед. 
Имрўз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҷамъоварии силоҳ, пешгирӣ аз гардиши мошинҳои берақам, интиқоли маводи мухаддир ва дигар иқдомотро як навъ амалиёти давлат нисбати мардуми Бадахшон маънидод мекунанд. Тамоми мардуми соҳибхиради Тоҷикистони азиз, пеш аз ҳама сокинони бонангу номуси Бадахшон худ ба хубӣ дарк мекунанд, ки ҳаргиз чунин набудаву нахоҳад буд, зеро таҳлилҳои анҷомёфта нишон медиҳанд, ки давоми чанд соли охир чанд гурўҳҳои ҷиноятпеша, на танҳо хилофи қонунҳои амалкунанда рафтор намуда истодааст, балки онҳо дар баробари бадном намудани мардум, боиси ранҷу озори халқи шарифи Бадахшон гардида истодаанд.
Мо, ҷавонон аксаран аз он шукргузорӣ мекунем, ки имрўз бо шарофати тантанаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар ҷавонони тамоми шаҳру навоҳии мамлакат дар сафи артиши миллӣ дўстона ва чун фарзандони як оила хидмати Модар-Ватанро сарбаландона адо менамоем. Ҳамасола шумораи зиёди ҷавонони вилояти Суғд дар канори ҷавонони дигар манотиқи Тоҷикистон чун Хатлону Зарафшон, Ҳисору водии Рашт, дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ дар вилояти Мухтори кўҳистони Бадахшон хидмат мекунанд. Аммо мутассифона шумораи ҷавонони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хеле кам мебошад. Асосан, ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Ишкошим, Дарвоз ба хидмат сафарбар шудаанд, ки онҳо низ нисбати дигар шаҳру навоҳии кишвар ба маротиб кам ҳастанд. Аммо аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон ва Рўшон умуман ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба назар намерасанд. Ҳол он ки аъзои гурўҳҳои ҷиноятпеша чун Толиб, Боқир, Ёдгор ва дигарон ҳатто худро «пешво»-и мардум эълон намуда, барои тафриқаандозӣ ва мардумситезӣ кўшиш доранд. Ин гурўҳҳо бо кадом асос даъвои «пешво»-ӣ мекунанд, ки нафаре аз хешовандонашон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ барои ҳифзи марзу буми хеш хидмат намекунад. Мутаассифона, ин ҷавонон агарчӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба хидмати Модар- Ватан намераванд, вале дар хидмати ин гурўҳҳои ҷиноятпеша буда, ҳамчун ғулом супориши ин «пешвоёни мардумозор ва мардумбезор» -и хешро иҷро мекунанд.
Ба мо маълум аст, ки яке аз аъзои ин гурўҳи ҷиноятпеша – Алим Шерзамонов, ки ҳоло дар Аврупо ба сар бурда, ғуломвор ба хоҷагони хеш хидмат мекунад, дар асл бо сабаби аз бонкҳои давлатӣ қарздор будан, фирор кардааст ва шарм надошта, барои пўшонидани ҷиноятҳо ва хиёнатҳои хеш даст ба бадном кардани давлат мезанад. Ҳатто тадбирҳои созанда ва талошҳои мақомоти давлатӣ барои таъмини оромиш ва ҳаёти осоишта дар Бадахшонро муқобилият ба мардум унвон мекунад. Инсоф куҷост? Вақте солҳо ту ва ҳамроҳони нашъаҷаллоб ва ҷинояткоратон бар сари мардуми Бадахшон чӣ қадар бадбахтиҳо овардаву имрўз аз кишвар фирор кардед, чаро бешармона мардумро ба муқобили давлат мехоҳед бархезонед. Мо боварии комил дорем, ки халқи Бадахшон ҳаргиз ба дасисаҳои Шумо дигар бовар нахоҳад кард, чун имрўз аллакай мўйро аз хамир ҷудо кардааст.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб мо ҷавонони вилояти Суғд ба ҳамсолони худ муроҷиат менамоем, ки дар ин фурсатҳои ҳассос ҳушёрии сиёсӣ ва зиракиро аз даст надода, баръакс барои дастгир ва ба ихтиёри давлат супоридани гурўҳҳои ҷиноятӣ, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави вилоят якдилона ташаббус зоҳир намоед. Шумо, ҷавонони ватандўсти вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар ин рўзҳои барои ҳамаи мо ҳассос ва марҳилаи даъват ба артиши миллӣ имконият доред, ки бо раъйу иродати хеш ба сафи қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста, ҳамчун гурўҳҳои ватандўст, ватанпарвар дар самти ҷамъоварии пурраи силоҳ, пешгирии ҷинояткорӣ, таслими гурўҳҳои мусаллаҳ ва ҷиноятпеша, нашъаҷаллоб, ки ҳамагӣ сабабгори чунин нооромиҳо дар минтақа гардиданд, саҳми назарраси хешро гузошта, оини ватандўстӣ ва ватандории хешро дар назди халқу Ватани азиз собит намоед.

ҶАВОНОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *