Хабарҳо

ИТТИЛОИЯ  аз ҷараёни иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ

print

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Турсунзода Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) баргузор гардид, ки дар ҷараёни он роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо хоҷагиҳоит кишоварзӣ, роҳбарияти корхонаву  ташкило,т муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма  иштирок намуданд.

Иҷлосия таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси вакилони халки шаҳрӣ Абдуқодир Вализода баргузор шуда, се масъларо мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 27 марти соли 2018 №147 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» ва қарои раиси шаҳри Турсунзода аз 16 апрели соли 2018 №344 муовини якуми раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам маърӯза намуд.

Дар муҳокимаи масъалаи зикршуда вакил Ятимов Т. ва аъзои ситоди шаҳрӣ Л. Раҷабова ба музокира баромада, изҳор доштанд, ки кор дар самти зикршуда  тибқи нақша ба роҳ мондашудааст.

Дар идома ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Ширкент» № 25 Муродов Маҳмадсаид шунида шуд.

Зимни баррасии масъалаи сеюм қарорҳои раиси шаҳрро, ки дар байни иҷлосияҳои 15 то 17 қабул гардидаанд, аз ҷониби вакил ҳамчунин як қатор қарорҳои раиси шаҳрро тасдиқ карданд.

Дар анҷоми кори иҷлосия вобаста ба ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Абдуқодир Вализода ба масъулин вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр, омодагӣ ба маҷлиси ҳисоботии 9 моҳи соли равон, ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, вусъати омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30 солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо дода, аз вакилону фаъолон даъват ба амал овард, ки  баҳри пешрафт ва шукуфоии шаҳр  саҳмгузорӣ  намоянд.

КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *