Хабарҳо

ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН

print

Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода як гурӯҳи ҷавонон, ки ихтиёран ба комиссариати ҳарбии шаҳр ҷиҳати хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти  тантанавӣ ба хизмати Модар-Ватан гусел карда шуданд.

Дар танатанаи гусели наваскарогн раиси шаҳри Турсунзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат ва аскарор қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр иштирок намуданд.
Нахуст Раиси шаҳр Вализода Абдуқодири Исуф наваскаронро бо ин рӯзи таърихӣ шодбош намуда, ба падару модароне, ки барои гусели фарзандони худ ташриф овардаанд, миннатдории самимии изҳор намуда, таъкид дошт, ки наваскарон, ҳамчун давомдиҳандагони кори насли калонсолон хизмати Ватанро содиқона ба ҷо оварда, сиҳату саломат ба зодгоҳашон бармегарданд.
Зикр гардид, ки хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, мактаби мукаммали ҳаёт аст, ки ба онҳо дарси ҷавонмардиву шуҷоат омӯхта, ҷисману рӯҳан обутоб мебахшад.
Баъдан собиқадорони интернатсионалист ва падару модарон ба сухан баромада, баробари изҳори сипос ба ҷавонони даъватшаванда, аз дигар ҷавонони шаҳр даъват ба амал оварданд, ки дар сафи Кувваҳои мусаллаҳ хизмат намуда, қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро намоянд
Сипас, аз ҷониби аскарони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр парад ва намоиши ҳарбӣ намоиш дода шуда, санъаткорони шуъбаи фарҳанги барномаи ҷолиб манзур намуданд.
Дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 160 нафар ҷавонон сафарбар карда шуданд.
Маркази матбуоти раиси шаҳр

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *