Хабарҳо

ЗИДДИ КОРРУПСИЯ ДАСТАҶАМЪОНА МУБОРИЗА МЕБАРЕМ

print

Таърихи 18 июли соли ҷорӣ, ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, таҳти раёсати роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр М. Назирзода ҷаласаи навбатии комиссияи  ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия  дар шаҳри Турсунзода доир гардид.

Дар ҷаласа фаъолияти комиссия дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар љараёни он намояндаи шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисор Раҳмонзода Фаромарз иштирок ва баромад намуд.

Вобаста ба масъалаи ҷаласа аъзои комиссия, М. Азизова баромад намуда, доир ба корҳои амалигардида дар ин самт маъруза намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар ин давра як қатор вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифт, ки ҳадафи он пешгирӣ намудан аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа, гирифтани пора, ва дигар омилҳои хусусияти коррупсионидошта мебошад.  

Қайд карда шуд, ки ҷиноятҳои хислати коррупсионидошта дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок аз ҷумла экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир асосҳои давлатдориро заиф намуда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани хатари коррупсия дар ҷомеа ба мавзуми муҳими рӯз табдил гардидааст.

Сипас, аъзои комиссия мудири бахши ҷавонон ва варзиш Умед Ҳалимов  вобаста ба корҳои ба  сомонрасонида дар ин самт маърӯза намуда, изҳор дошт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо бахш доир ба омилҳои сар задани коррупсия, сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, дарки зарару оқибатҳои ногувори ин падидаи нангин ва масъалаҳои иҷрои талаботи қонуну санадҳои зиддикоррупсионӣ, аз ҷумла мақсаду мароми “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”  дар назди иштирокдорони ҷаласа маълумот дод.

Намояндаи шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисор Раҳмонзода Фаромарз баромад намуда, таъкид дошт, ки икр гардид, ки коррупсия-падидаи номатлуби ҷомеа буда, ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат таъсири манфӣ расонида, ҷинояткориро заминагузорӣ менамояд.  Аз ҷумла қайд шуд, ки новобаста ба корҳои фаҳмондадиҳӣ сар задани амалҳои коррупсионӣ аз  ҷониби масъулини корхонаву ташкилоти шаҳр ҳанӯз идома дорад. Бинобар ин, аъзои комиссияро лозим аст, ки ҷиҳати аз ҷомеа решакан намудани ришваситонӣ  саҳми худо гузоранд.

Дар ҷараёни маҷлис ҳамчунин аъзои комиссия Ҷањонгир. Равшанов, Бобомурод Тешаев, Фирўз Холиқов фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуда,  аъзои комиссия вазифадор гардиданд, ки бештар ба масъалаи иҷрои методологияи мубориза бо коррупсия  мароқи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

ЗИЁЕВ ЗИЁРАТШОҲ,

котиби комиссияи ҷамъиятии

мубориза бо коррупсия дар шаҳр

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *