Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯзҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зери фазои сулҳу субот 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.
Истиқлолият эҳёи миллат, ваҳдат ҳамчун бақои давлат арзёбӣ гардида, бо самимият ва эҳтиром ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ Шумо ва мардуми сарбаланди шаҳри Турсунзодаро аз номи макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сидқан табрик гуфта, сихатмандиву, сарбаландӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоем.
Ҳамдиёрони азиз!
Дар таърихи навини давлатдории халқамон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ санади сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъиву ҳамдилии миллат ва зиндагии осудаи сокинони Ватан ба имзо расидааст.
27-июни соли 1997 мардуми Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошта, ба арсаи нави давлатдорӣ қадам гузошт.
Ҳарчанд роҳи тайнамудаи Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ваҳдату якпорчагӣ осон набуд, вале аз ҷониби мардуми шарафманди мо ба хотири ҳамдилии халқ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа ба анҷом расид.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди бонангу номус бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзи ваҳдати миллӣ пайгирона кӯшиш намоем.
Ваҳдату ягонагӣ ҳамчун ормони халқ ва ҳадафи асосии сиёсати давлат бесабаб шиори зиндагии мардум нагардид, зеро бар асари нобасомониҳои солҳои навадуми асри гузашта байни мардуми мо тарафкашиву ҷудоӣ доман паҳн намуда, боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид.
Мардуми Тоҷикистон, ки табиати азалии сулҳхоҳона ва сиришти ваҳдатофар доранд, атрофи Ҳукумат ва Сарвари маҳбуби халқ – муҳтарам Пешвои миллат муттаҳид гардида, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо намуда, аз майдони мухолифат ба арсаи созандагиву бунёдкорӣ қадами устувор гузоштанд.
Ба давлати тозаистиқлоли мо ваҳдати миллӣ эҳёи дубора бахшида, дар мамлакат марҳилаи нави ҳаёти созанда оғоз ва бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург, корхонаҳои саноатӣ, роҳу нақбҳо, сохтмони иншооти мухталифи хоҷагии халқ амалӣ гардид, ки ин раванди созанда идома дорад.
Дар ин замина Ҳукумати кишвар барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ давра ба давра шароити мусоид фароҳам оварда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор гирифта, чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофар пазируфта шуд.
Бо шарофати истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла мавзуи вобаста ба мушкилоти обро ба миён гузошта, дастгирии ҷомеаи ҷаҳониро комёб гардид.
Ҳамдиёрони азиз!
Бо шарофати Истиқлолият, ваҳдат, сулҳу субот ва натиҷаи заҳмати содиқонаи мардуми шарифи Тоҷикистон шаҳру ноҳияҳои мамлакат сол то сол тараққӣ карда, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ торафт беҳтар мегардад.
Шаҳри Турсунзода низ аз баракати соҳибистиқлолӣ ва кору фаъолияти ватандӯстонаи сокинон обод ва ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи саноативу кишоварзӣ кишвар мубаддал гардидааст.
Дар ин давра дар шаҳри мо низ як қатор коргоҳу корхонаҳои замонавӣ, иншооти маишӣ, муассисаҳои таълимиву тиббӣ, варзишгоҳҳо бунёд ва ҳазорон нафар сокинон соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидаанд.
Деҳқонони асили шаҳр, махсусан, дар парвариши меваю сабзавот, ташкили гармхонаҳо ва боғдориву ниҳолпарварӣ номвар гардида, таҷрибаи онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар шуҳрати зиёд пайдо намудааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Сулҳу ваҳдат неъмати бебаҳо арзёбӣ гардида, таҳдиди ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва амалиётҳои мусаллаҳонаи террористӣ хатари аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, танҳо муттаҳидиву ҳамдилӣ моро аз тафриқаву низоъ эмин нигоҳ медорад.
Рӯйдодҳои пуртазоди ҷаҳон моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, нагузорем, ки амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистонро терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ халалдор созанд.
Аз ин хотир, ҷиҳати таҳкими сулҳу амонӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва якпорчагии сарзамини муқаддас ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият моро мебояд кӯшиш ба харҷ диҳем ва баҳри шукуфоии Ватан софдилона меҳнат намоем.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат фармудаанд: «Ман бо халқи сарбаланд ва бунёдкори Тоҷикистон ифтихор менамоям ва эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии мардуми соҳибмаърифатамон нияту нақшаҳои неки оғоз кардаамонро бо заҳмати аҳлонаву содиқона амалӣ мегардонем, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафти кишвари соҳибистиқлоламонро таъмин менамоем”.
Ҳозирини гиромӣ!
Итминони комил дорем, ки сокинони меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода бо рӯҳияи баланди созандагӣ, дасту дили пок ва нияти нек меҳнат намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзишманд мегузоранд.
Ҷиҳати амалӣ намудани чунин раванди неку созанда ба Шумо сиҳатмандиву саодат, барори кор орзу намуда, ба Ватани азизамон ваҳдати пойдор, сулҳу суботи ҷовидон ва ба ҳар хонадони диёр зиндагии хушу хуррам ва файзу баракат таманно дорем.
Ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!