Иҷтимоиёт

МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОН

print

Таърихи 21 апрели соли равон дар майдони     Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода маросими савгандёдкунии беш аз 160 нафар наваскарони қисми ҳарбии 6592 Раёсати қӯшунҳои дохилаи ВКД Ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд.    

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Абдуқодир Вализода сарбозонро ба ин муносибат табрик намуда, изҳор дошт, ки аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи мардонагӣ гирифта, ба савганди ҳарбӣ содиқ ва ба миллату давлати соҳибистиқлоламон сарбаландона хизмат намоянд.

Дар ин радиф як қатор хизматчиёни ҳарбӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд.

Дар идома волидайни наваскарон ҷиҳати хизмати содиқона ба Модар –Ватан  фарзандонро ҳидоят намуданд.

 Сипас, аскарон маҳорату омодагии ҷангии худро манзури ҳозирин гардонида,маросими ботантанаро барномаи фарҳангии ҳунармандони Шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода шукӯҳи идона бахшид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *