Таҷлил Фарҳанг

ҚАДРШИНОСӢ

print

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода субҳи 6 марти соли равон ба аёдати собиқадори меҳнат Мушаррафа Алиқулова рафта, ба муносибати бузургдошти Рўзи Модар ўро табрик намуд. 
-Дар рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Турсунзода модарону бонувони шаҳр саҳми арзандаи худро гузоштаанд, ки шоистаи таҳсин ва намунаи ибрати насли ҷавон аст. Мо бояд ҳамеша заҳмати собиқадорон, хусусан модаронро қадр намуда, иззати ҳар яки шуморо ба ҷо орем, зеро дар паҳлўи мардон истода, бо меҳнати софдилона шумо низ дар шукуфоии ҳар гўшави диёр саҳми мунорсиби худро гузоштаед, иброз дошт, А. Вализода зимни суҳбат бо М. Алиқулова.
Ба таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти шаҳр М. Алиқулова арзи сипос изҳор намуда, иброз дошт, ки минбаъд низ ҷиҳати тарбия насли наврас дар рўҳияи ватанпарастӣ, омўзиши касбу ҳунар, маърифати оиладорӣ ва пешгирии пошхўрии оилаҳои ҷавон тамоми таҷрибаи ҳаётии сафарбар хоҳад намуд.
Боиси қайд аст, ки М. Алиқулова тақриби си сол дар соҳаи молияи шаҳр меҳнати софдилона карда, барои хизматҳои арзанда бо унвони «Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», медалу нишонҳои ҷашнии Вазорати молия, Ифтихорномаҳои Вазорати молия ва Раиси шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шудааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *