Иҷтимоиёт Сиёсат Таҷлил Фарҳанг

ТАБРИКОТИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ВАЛИЗОДА АБДУҚОДИРИ ИСУФ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР

print

         Модарон ва хоҳарони азиз!

Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, шавқати беканор, нури ҳар як хонадон, пайвандгари наслҳо ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир аҳли башар ба модар ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Дар Тоҷикистони биҳиштосо низ ҷашни фархундаи «Рӯзи модар» бо шукӯҳу шаҳомат, шодиву сурур ва фараҳмандӣ дар оғози фасли зебои баҳор, айёми эҳё ва шукуфтанҳо таҷлил мегардад, ки таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад. Ба камоли эҳтиром ва ифтихор ин ҷашни мубораку фараҳбахшро ба модарону хоҳарони нексиришт, ҳамида ва зебои  шаҳри Турсунзода самимона  табрику таҳният гуфта, хушбахтиву иқболи нек, толеи баланд ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоем.

Модарону хоҳарони азиз, Шумо таҷассумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи рӯшнову гармӣ, меҳру муҳаббат ва идомабахши суннатҳои неки ниёгон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, эҳтироми бузургон ва арҷ гузоштан ба инсониятро тараннум менамоед. Дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор хазина аст.   Ба ин маънӣ, занону модарони мо хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо сарф месозанд. Таърих гувоҳ аст, ки модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонида, онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ ва ҳидоят кардааст. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модарону бонувони мо дар ҷомеа мақому мартабаи шоистаро соҳиб гардида, ҳамчун  донишманд, табиби мушфиқ, соҳибкори пешқадам, омӯзгори меҳрубон ва дар корҳои давлатдорӣ низ фаъол буда, барои пешрафти ҷомеа ва давлат баробари мардон талош менамоянд.   Муҳтарам Пешвои миллат саҳми модарону бонувонро дар ободоии рӯзгор сазовори арҷу эҳтиром дониста, онҳоро сарчашмаи маърифату маънавиёт арзёбӣ намуда, фармудаанд: «Агар ободиву суботи ҷомеаро осоишу оромии ҳар як оила таъмин намояд, дар навбати худ, ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан – модар сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, барои ҳар яки мо симои аз ҳама маҳбубу меҳрубон ва нотакрору ҷовидона модар аст.

Модарон ва хоҳарони  гиромӣ!

Бо ташаббуси Сарвари муаззами миллат дар Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии занону духтарон аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, ин иқдом яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Дар кишвари мо имконият фароҳам оварда шудааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон ширкати бевосита ва фаъол дошта бошанд. Дар ин самт як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расида, манфиатҳои модарону бонувонро ҳимоя намуда, ҷиҳати амалӣ гардидани ташаббусҳои шоистаи онҳо заминаи воқеӣ фароҳам меоранд. Дар шаҳри Турсунзода низ занони бофарҳангу соҳибмаърифат дар низоми хизмати давлатӣ,  мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи маорифу тандурустӣ, соҳибкориву ҳунармандӣ софдилона ва содиқона меҳнат намуда, дар рушди иҷтимоиёту иқтисодиёт, татбиқи барномаҳои давлатӣ, ташвиқу тарғиби пойдории оила ва ҷомеаи солим, нақши арзанда ва назаррас мегузоранд.  

Модарону хоҳарон ва фарзандони азиз! Дар фарҳаги миллати мо оила ҳамчун арзиши ниҳоят гаронбаҳо ва омили асосии солимии ҷомеа арзёбӣ гардида, ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ, мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор рафта, маҳз модар ҳамчун тарбиятгари асосии оила дар самти таълиму тарбияи фарзанд, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон саҳми муассир дорад. Аз ин лиҳоз, модарони азизро мебояд  хусусан духтаронро ҷиҳати донишандӯзӣ ва аз худ намудани касбу ҳунар тарбия намуда, ба сабру таҳаммул, эҳтироми суннату арзишҳои миллӣ, интихоби роҳи дурусти ҳаёт барпо намудани оилаи солиму устувор тарбия намоянд. Ҷомеаро ҷиҳати ҳифзи истиқлолияту озодӣ, амнияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ раҳнамоӣӣ карда, барои бунёди давлати пешрафтаву соҳибтамаддун ва дунявию демократӣ ҳидоят намоянд. Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд. Мо фарзандон агар тамоми умр ба модари худ хизмат кунем, бо ранҷи шабзиндадорӣ ва заҳмати ӯ ба хотири тарбияву ба камол расонидани мо баробар шуда наметавонад. Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад.   Модарон ва хоҳарони азиз!   Имсол бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Итминони комил дорем, ки бо тиннати пок, ҳунари воло ва дастони сеҳрофари худ дар татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар саҳми арзандаи  мегузоред. Мо дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ қарор дорем ва яке аз суннатҳои неки наврӯзӣ тозаву озода намудани хонадон ва муҳити зист мебошад, ки аз сиришти поку нафосати озодаи Шумо сарчашма гирифта, тозагиву назокатро бо гулу себарга пойандози ҷашни Наврӯз мегардонед. Мо эътимод дорем, ки шумо ҳамчун офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон фаъолона ширкат варзида, ба хотири пешрафти давлатамон рисолати созандагии худро бо садоқату устувории модарона идома медиҳед. Бо ҳамин умеду орзуҳои нек шумо, модарону бонувони арҷмандро бори дигар ба муносибати ҷашни фархунда -«Рӯзи модар» табрик гуфта, ба ҳамаи бонувону хоҳарони шаҳр тандурустиву саодатмандӣ ва дар ҳаёти оилавиатон меҳру муҳаббат, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоем.

  Ҷашн муборак, модарону хоҳарони азиз!

Сиҳатманду сарбаланд бошед!  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *