Фарҳанг

ПИРӮЗИИ НАВБАТӢ ДАР ФЕСТИВАЛИ VII-УМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КУШОДИ МУСИҚӢ ВА ШЕЪРИ “ЯЛОС”

print

 

Имрӯзҳо Бахши ИНТ дар шаҳри Турсун­зода бо роҳбарии Абдуқаҳҳори Қосим, ҷиҳати таблиғу ташвиқи мусиқӣ ва шеър, ки тавониста бошад на фақат дар сатҳи шаҳру ҷумҳурӣ балки миқёси байналмилалӣ-адаби­ёт, санъат, сулҳу дӯстӣ ва ғояҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузо­ри сулҳу ваҳдати мил­лӣ-Пешвои миллатро инъикос карда бошад, корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст.

Дастовардҳо низ назаррас мебошад. Ёдовар мешавем, ки соли 2017 бо се шеъри ба забони руссӣ эҷоднамудааш шоир Абдуқаҳҳори Қосим аз миёни иштирокдорони дав­латҳои муштаракул манофеъ ва берун аз он дар қатори 14 нафар дипломанти фестивали VI-уми байналмилалии кушоди мусиқӣ ва шеъри “Ялос” гарди­да буд.

Имсол бошад, узви маҳфи­ли адабии “Ворисони Турсун­зода” Владислав Валов бо ду суруди эҷоднамудаи роҳбари маҳфил Абдуқаҳҳори Қосим “Дворец Арбоб” ва “Лампа Аладдина” дар номинацияи мусиқӣ ва шеър дар қатори 9-нафар, ғолиби фестивал дониста шуда ба шаҳри Ялта ҷиҳати ширкат дар чораби­нии тантанавӣ роҳхат гирифт. Боиси тазаккур аст, ки суруди “Дворец Арбоб” (Қасри Арбоб) ба Иҷлосияи XVI-уми тақдир­соз, ки дар Қасри Арбоб баргу­зор шуда буд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда, ваҳдати тоҷи­кон ва пирӯзии ақл бар ҷаҳо­латро инъикос мекунад. Инак ин суруд тавассути овозхони мумтоз Владислав Валов ме­тавонад дар фестивали бай­налмилалӣ дар шаҳри Ялтаи Федератсия Русия садо дода, Тоҷикистонро муаррифӣ намо­яд.

Аҳли маҳфили адабии “Во­рисони Турсунзод” бори дигар исбот карданд, ки вориси воқе­ии мунодии сулҳу дӯстӣ, шоири ширинбаён Мирзо Турсунзода буда, идомадиҳандагони роҳи устоди зиндаёд мебошанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *