Нуқтаи назар Саноат

ТЕРРОРИЗМ – ДУШМАНИ АМНУ ОСОИШТАГӢ

print

Терроризм – куштору ҳалокату тороҷгарӣ ва душмани амну осоиштагӣ. Кулли ҷаҳонро ба дод овардааст. Дар майдони он нафароне шомил мешаванд, ки вақте аз муассисаи таълимӣ ва оила дар сатҳи паст таълим гирифтаанд ва ана ҳамин ҷараён онҳоро бероҳаву бетарбия намуда, аз дунёи одамгарӣ берун сохтаанд ва ниҳоят эшон ба амалҳои хатарнок даст зада, террористу ифротгаро “унвон” гирифтаанд. Бо ин “унвон” лаънаткардаи мардуми олам гардидаанд. Агар дар оилаву таълимгоҳ онҳо хуб тарбия мегирифтанд, агар соҳиби илму дониши кофӣ мешуданд, ҳаргиз ба  ин вартаи ҳалокатвор қадам намениҳоданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди хатарҳои терроризму ифротгароӣ ибрози ақида намудаанд: “Бо назардошти …мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем”. Яъне бо ин мақсад моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд Конфронси байнлмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез баргузор мешавад. Конфронс албатта, дар пешгирии хатарҳои терроризму экстремизм саҳм хоҳад гузошт.

Халқ мақоле дорад: “Оҳанро дар гармиаш мекӯбанд”. Терроризму ифротгароиро дар вақташ пешгирӣ кардан лозим, то ин ки доман паҳн накунад. Агар мо насли наврасро дар оила ва муассиса хуб таълим диҳем, дар қалбашон меҳри Ватанро амиқтар ҷой диҳем, оқибати бади терроризму тундгароиро ба онҳо хуб фаҳмонда диҳем, яъне садди бадроҳиашон шавем, бе ҳеҷ гумон аз роҳи рост ба роҳи хатарнок роҳӣ намешаванд. Фарзанди асили оилаву диёр мешаванд. Аз ин лиҳоз, мо таълимдиҳандагону калонсолон, пеш аз ҳама волидайнро лозим меояд, ки дар тарбияи насли наврас масъулият ва ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем ва онҳоро чунон тарбия намоем, ки дар оянда шахси баору номус ва ободгари Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бошанд ва муборизе бошанд баҳри пешгирӣ намудани терроризму ифротгароӣ.

Бо хушнудӣ гуфта метавонем, ки ҷавонони мо куллан ватандӯсту ободгари мулки аҷдодии хешанд. Ба хиёнатгарони Ватан нафрат мехонанд. Шукри ин ободиву озодӣ ва Пешвои миллат мекунанд…

Мавҷуда АБДУЛЛОЕВА,

сокини деҳаи Боғи Ирами ҷамоати деҳоти Навобод.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *