Хабарҳо

ДАР ЗАМИНАИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ №72-И ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ ТУРСУН ТӮЙЧИЕВ БАРОИ СОХТМОНИ 8 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ САНГИ АСОС ГУЗОШТА ШУД.

print

Дар заминаи муассисаи таҳсилоти ибтидоии №72-и Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Тӯйчиев барои сохтмони 8 синфхона барои 400 хонанда дар ду баст бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам санги асос гузошта шуд. Сохтмони бинои иловагии муассиса бо ибтикори кумитаи маҳалаи деҳаи ҳақиқат, ҷалби соҳибкорону дастгирии сокинони деҳа роҳандозӣ мегардад. Зимни сӯҳбат бо сокинону фаъолони деҳа раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам аз иқдоми наҷиби сокинони деҳаи ҳақиқат изҳори сипос намуда, дар марҳилаи аввали сохтмон аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 50 ҳазор дона хишт кӯмак намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *