Сабтҳои охирин
Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Зимни мулоқот […]
Шаҳрвандони Тоҷикистон бо иқдоми Пешвои миллат аз Москва ва Дубай ба Ватан оварда мешаванд
ДУШАНБЕ, 20.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳое, ки тамоми дунё дар рӯ ба рӯи таҳдиди сирояти бемории кароновирус қарор гирифтааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуданд, ки бо иқдому ташаббусҳои башардӯстонаи хеш нисбат ба тақдири ягон тоҷику тоҷикистонӣ бетафовут нестанд.
Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия: «Аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тӯдаи ифротгароёнро қабул надорем! »
ДУШАНБЕ, 10.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тайи чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангомабозиҳои аъзо ва тарафдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи Наҳзати исломӣ перомуни ташкили кадом пикет дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар Германия давом дорад. Дар робита ба он ба АМИТ «Ховар» аз номи аъзои Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия изҳорот расидааст, ки […]