Хабарҳо

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ НАҚШАВӢ ДАР МАВЗӮИ “МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ – КОРИ ДАСТҶАМЪОНА”.

print


Семинари мазкур тибқи нақшаи кории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабиниро муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода Остоназода Сайдамин Ҳазрат ифтитоҳ намуда, баъдан сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода ва Сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Аъзамҷон Нуралӣ оид ба мавзуъҳои “Таърихи пайдоиши коррупсия ва усулҳои муқовимат ба он”, “Нақши занон дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ” ва “Нақши ҷавонон дартаҳкими Истиқлоли давлатӣ ва пешгирии онҳо аз омилҳои коррупсионӣ” баромад намуданд. таъкид гардид, ки ҳар я шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ саҳмгузор бошад, зеро пешгирии коррупсия кори дастҷамъона аст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *