Дар асоси дастури раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам муовинони раиси шаҳр таҳти роҳбарии муовини якуми раиси шаҳр Остоназода С.Ҳ., муовинон Азимзода А.Б. ва Бобоҷонзода Ф., раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Турсунзода Н.Ҳ. ва раиси Ҷамоати деҳоти Навобод Низомҷон Алиев ба аёдати иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини деҳаи Чиртаки Ҷамоати деҳоти Навобод Бобоқул Убайдов рафтанд. Аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба иштирокчии иҷлосияи таърихиву тақдирсоз кӯмаки яквақтаинаи пулӣ ва маводҳои ғизоӣ расонида шуд. Бобоқул Убайдов аз ҷумлаи нафаронест, ки ҳамчун вакили мардумӣ соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудааст ва аз шумори вакилони аз шаҳри Турсунзода дар иҷлосияи мазкур иштирок намуда, танҳо ӯ дар қайди ҳаёт аст.
Сабтҳои охирин
ПОЯҲОИ МАРДУМСОЛОРИИ НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ. Андешаҳои раиси комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат оид ба одоби вакилон Файзулло Баротзода
Posted on Author Tursunzoda
Пўшида нест, ки ҳар як қавму миллат дар тўлу арзи ташаккули фарҳангии худ барои ба ваҷҳи некў ва созгор мўҳрабандӣ намудани
ФАВРӢ!!!! МУРОҶИАТНОМАИ АЁМИДДИН САТТОРОВ БА САҲА!
Posted on Author Tursunzoda
Рӯзи 05.09.2018 дар шабакаи интернет навори видеоии Аёмиддин Сатторов, ки яке аз муассисони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ба Созмони ҳамкорӣ ва амният дар Аврупо нашр шудааст.
РӮЗИ ТАВАЛЛУДИ НУР
Posted on Author Tursunzoda
Имрӯз миллате, ки аз қадимулайём ба нур ва рушноӣ ҳамчун таҷаллӣ ва таҷассуми Аҳурамаздо ва мабдаъи офаринишу зиндагӣ арҷгузорӣ мекард, худ офарандаи нур ва рушноӣ шуда.