
Бинои нави маъмурии Муассисаи манзилию коммуналии шаҳри бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода аз ҷониби ҶДММ “Алиҷон-сохтмон” бунёд ёфта, дорои шароити хуби замонавӣ мебошад. Дар ҳудуди муассиса бинои маъмурӣ, таваққуфгоҳи зимистона ва тобистонаи нақлиётҳои хизматӣ, ошхона барои таъмини кормандон бо хӯроки гарм ва дигар утоқҳо барои хизматрасонии коммуналии кормандон ҷойгир карда шудааст.