Ба пешвози 32-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Турсунзода боз як хонаи бисёрошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти мазкур аз тарафи ширкати маҳаллии ҶДММ “Ватан-гурӯҳ” дар муддати ду сол бунёд гардида, дорои шароити заамонавӣ, аз ҷумла лифти шабонарӯзӣ, трансформатори алоҳида, системаи зидддисӯхтор ва барқтаъминкунии […]
Month: Ноябр 2024
ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРИИ МУАССИСАИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА БО ФАРОГИРИИ ШАРОИТИ ЗАМОНАВӢ ДАР МАҲАЛЛАИ 1-УМИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА.
Бинои нави маъмурии Муассисаи манзилию коммуналии шаҳри бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода аз ҷониби ҶДММ “Алиҷон-сохтмон” бунёд ёфта, дорои шароити хуби замонавӣ мебошад. Дар ҳудуди муассиса бинои маъмурӣ, таваққуфгоҳи зимистона ва тобистонаи нақлиётҳои хизматӣ, ошхона барои таъмини кормандон бо хӯроки гарм ва дигар утоқҳо барои хизматрасонии коммуналии кормандон ҷойгир карда шудааст.
АЁДАТИ ИШТИРОКЧИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
Дар асоси дастури раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам муовинони раиси шаҳр таҳти роҳбарии муовини якуми раиси шаҳр Остоназода С.Ҳ., муовинон Азимзода А.Б. ва Бобоҷонзода Ф., раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Турсунзода Н.Ҳ. ва раиси Ҷамоати деҳоти Навобод Низомҷон Алиев ба аёдати иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини деҳаи Чиртаки Ҷамоати […]
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ НАҚШАВӢ ДАР МАВЗӮИ “МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ – КОРИ ДАСТҶАМЪОНА”.
Семинари мазкур тибқи нақшаи кории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]