Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

ПАЁМИ ШОДБОШИИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН

Ҳамватанони азиз! Фардо иди саиди Қурбон, ки моҳияти онро арзишҳои неки инсондӯстӣ, анҷоми корҳои хайру савоб, тарғиби адлу инсоф ва кумаку меҳрубонӣ нисбат ба ҳамдигар ташкил медиҳанд, фаро мерасад. Мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони кишвар оромиву осоиш ва рӯзгори босаодат орзу менамоям. Тибқи таълимоти дини мубини ислом […]