Бахшида ба рӯзи соҳибкорон дар толори Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода бо иштироки муовини раиси шаҳри Турсунзода Азимзода Азимҷон Бахтиёр ва намояндагони соҳибкорони шаҳр ҷамъомад баргузор гардид.
ННахуст паёми табрикии раиси шаҳри Турсунзода ба муносибати Рӯзи соҳибкорон ба самъи намояндагони соҳибкорони расонида шуд.
ҚҚайд гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ имкон дод, ки рушди устувори иқтисодиёти кишвар давра ба давра таъмин гардида, ҷойҳои кори доимӣ таъсис дода шавад ва даромади пулии аҳолӣ сол то сол афзоиш ёбад.
Дар натиҷаи ислоҳоти иқтисодӣ фаъолияти бахши хусусӣ вусъат ёфта, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба даҳгонаи давлатҳои ислоҳотгар шомил гардид.
Арзёбии агентиҳои рейтингии ҷаҳонӣ муайян намуд, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои ҷолибтарини сайёҳӣ ва дар байни кишварҳое, ки дар онҳо гирифтани раводид осон аст, мавқеи хоссаро ишғол менамояд.
Дар ин раванд, соҳибкорӣ ҳамчун пешбарандаи иқтисодиёти мамлакат, тавонист ҳиссаи худро дар афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар афзун намуда, аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъолро фаро гирад ва ба ин васила ҷиҳати некӯаҳволии сокинон ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат саҳми муассири худро гузорад.
Таъкид шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо соҳибкорони маҳаллӣ ҳамкории пайваста дошта, саҳми бахши хусусиро дар пешрафт ва рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр баланд арзёбӣ менамояд.
Хусусан, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳамкориҳо вусъати тоза гирифта, дар шаҳр бунёди зиёда аз 435 иншоот, аз ҷумла 22 иншооти саноатӣ, 31 иншооти соҳаи тандурустӣ, 27 иншооти варзишӣ, 7 иншооти хизматрасонии маишӣ, 55 маркази хизматрасонӣ ва савдо, таъмири роҳҳои автомобилгард дар 42 мавзеъ ба дарозии 63 км, 15 сардхона, 4 гармхона, сохтмони 8 пул, таъмини оби нӯшокӣ дар 7 мавзеъ ва 119 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, 171 иншоот дар соли 2022 ва 9 моҳи соли 2023 мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, 25 иншоот дар соҳаи маориф, 11 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 12 иншооти варзишӣ, 34 марказҳои савдо, 2 иншооти хизматрсонии маишӣ, 10 корхонаю коргоҳи саноатӣ, таъмири роҳ дар 24 мавзеъ ба дарозии 66 км, сохтмони 5 пул, 6 сардхона, 2 гармхона, кашидани хати таъмини оби нӯшокӣ дар 3 мавзеъ ва 37 иншооти таъиноташон гуногун бо саҳми бештари соҳибкорон сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар вохӯрӣ инчунин директори филиалии “Коммерсбонк” дар шаҳри Турсунзода Расулҷон Шарифов ва корманди ҳамин бонк дар хусуси барномаҳои қарзӣ ва системаи пардохтҳои ғайринақдӣ маърӯза намуданд.
Барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ, сохта ба истифода додани иншооти мухталифи ҷашнӣ саҳми арзанда дар корҳои ободонию бунёдкории шаҳр чанде аз соҳибкорони муваффақ бо сипосномаҳои мақомоти иҷроия маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қадрдонӣ гардиданд.