Хабарҳо

ИФТИТОҲИ 8 КМ РОҲИ БАЙНИДЕҲАВӢ ДАР ДОИРАИ САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА.

print
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода роҳи автомобилгарди деҳоти 10 солагии Истиқлолият баъди тиҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар маросими ба истифода додани роҳи мазкур муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиëзода, роҳбарияти шаҳри Турсунзода ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Роҳ аҳамияти маҳаллӣ дошта, 8 километр мебошад ва аз он сокинони деҳаҳои Исмоили Сомонӣ, Шарқиëн ва Файзбахш истифода менамоянд. Таъмири роҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ҳадаф фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба мардум дар заминаи ба вуҷуд овардани ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиëт мебошад. Қаблан сокинони ин гӯшаи дурдасти шаҳри Турсунзода аз сабаби набудани чунин роҳ азият мекашиданд ва акнун ин мушкил аз байн рафт. Зимни иҷрои корҳо ба сифати масолеҳ аҳамияти хоса зоҳир гардида, талаботи соҳа пурра ба инобат гирифта шудааст. Роҳ асосан тавассути деҳаҳо мегузарад ва барои таъмини бехатарии сокинон аломатҳои танзимкунанда насб намудаанд. Ин амали созандагӣ, яъне асфалтпӯшнамоии роҳи деҳоти 10-солагии Истиқлолият бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ анҷом дода шудааст. Маврид ба тазаккур аст, ки дар баробари дигар корҳои ободонӣ дар шаҳри Турсунзода ба таъмиру таҷдид ва навсозии роҳу купрукҳо низ диққати махсус зоҳир мегардад ва танҳо дар соли равон 11 километр роҳ аз таъмири асосӣ ва 13 километр аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст. Дар ҳамин замина роҳи автомобилгарди деҳаи Чуқуркат, ки 2 километр мебошад, аз таъмир бароварда шуда, мавриди истифодаи мардум қарор дорад.
Аз ин баъд сокинони деҳоти 10 солагии Истиқлолият имкон доранд аз роҳи тахту ҳамвори навтаҷдидшуда истифода карда, бе мушкил рафту омад намоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *