Хабарҳо

ИФТИТОҲИ 3 СИНФХОНАИ ТЕХНОЛОГӢ ДАР ДОИРАИ САФАРИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА.

print

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 90 – и деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи Ҷамоати деҳоти Қаратоғ 3 синфхонаи технологӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар расми баистифодадиҳии иншооти соҳаи маориф намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати маориф ва илми кишвар ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иштирок намуданд.
Синфхонаҳои технологӣ, ки дорои шароити мусоиди касбомўзӣ мебошанд, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри соҳибкасб намудани толибилмони муассисаи мазкур таъсис дода шудаанд.
Масалан, дар синфхонаи технологии писарона дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ васлу насб карда шудааст, ки бо истифода аз онҳо омўзгорон ба толибилмон нозукиҳои касби харротӣ ва чубтароширо меомўзанд.
Синфхонаи технологии дўзандагӣ бошад бо 10 мошинаи дарздузӣ ва мизу курсӣ муҷаҳҳаз аст, ки бо истифода аз он духтарон тарзи дуруст духтани сару либосҳои миллӣ ва мактабиро аз худ менамоянд.
Акнун дар ин муассиса ҳар як толибилм имкон дорад, ки дилхоҳ касби дўстдоштаи хешро аз бар намояд, зеро дар ин ҷо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити муосири аз бар намудани касбу ҳунар фароҳам оварда шудааст.
Синфхонаи дигари кушоду барҳавои муҷаҳҳаз бо дастгоҳу лавозимоти зарурии ошхона аз ҳама бештар ба духтарон писандаст, зеро дар ин ҷо онҳо нозукиҳои пухтупази ҳамагуна таомҳои милливу аврупоӣ, маҳсулоти нонӣ ва хуришу шириниҳои гуногунро аз худ мекунанд.
Умуман, дар ин муассисаи таълимии намунавӣ толибилмон баробари аз бар намудани илму дониш ҳамзамон соҳиби касбу ҳунар мешаванд, ки тақозои замон мебошад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *