Хабарҳо

ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАВАҶҶУҲ БА СОҲАИ МАОРИФ БЕШТАР БУД

print

Дар ҷараёни вохӯриҳо бо сокинони шаҳри Турсунзода вакилони мардумӣ Холмаҳмадзода Солеҳа ва Маҳмудзода Музаффар бо аҳли ҷамоатчигӣ, кормандони соҳаи илму маориф, тандурустӣ, ҷавонон, фарҳанг, намояндаи занон ва дигар фаъолони ҷомеа суҳбат оростанд. Дар ин ҳамоиш вакилони мардумиро раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ва муовини раиси шаҳр ҳамроҳӣ намуд.
Зимни шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат қайд карда шуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳидоятгари мардуми тоҷик буда, дар амри расидан ба зиндагии шоистаи сокинон ҳуҷҷати роҳнамо аст. Паёми Сарвари давлат муҳимтарин ҳуҷҷати барномавиест, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, дурнамои рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масоили соҳаҳои гуногуни кишвар ҳаматарафа таҳлил ва баррасӣ шудаанд.
Зикр карда шуд, ки масъалаҳои вобаста ба мактабу маориф дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошт.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *