Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо соҳибкорон ва хоҷагидорони ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Туйчиев мулоқот оростанд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат, ки зимни вохӯрӣ бо фаъолон дар ноҳияи Данғара бармеоянд, истифодаи босамари замин, хусусан, вусъати корҳои саҳроӣ дар самти кишти такрорӣ, саривақт ҷамъоварии дастранҷи деҳқон, захираи маводи ғизоӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин раиси шаҳр ба масъалаи тарбияи насли наврас таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз доштанд, ки тарбияи насли ояндасоз аз масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад, зеро танҳо ҷавонону ватандӯсту меҳанпараст ва мутахассисони соҳибтаҷриба дар оянда давлати соҳибистиқлоли моро обод месозанд. Аз ин лиҳоз, тарбияи насли ҷавон заминагузорӣ барои ояндаи миллату давлат аст.
Дар мулоқот даъват ба амал оварда шуд, ки дар доираи эълони 20 солаи омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи фарзандон ба омӯхтани дониш ва касбу ҳунар равона карда шавад.
Ҳамзамон, раиси шаҳр доир ба масъалаи ободиву созандагӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати татбиқи сиёсати созандаи муҳтарам Пешвои миллат дар самти рушди маҳал ва саҳмгузорӣ дар корҳои созанда ба кулли соҳибкорон, хоҷагидорон ва фаъолон изҳори сипоси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро расониданд. Иброз шуд, ки дар Ватан марҳилаи нави созандагӣ ба пешвози 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, аз ҳар як мо иштироки фаъолонаро дар ин самт тақозо менамояд
Дар робита ба суханронии раиси шаҳр соҳибкорон ва хоҷагидорон бо шукргузорӣ аз тинҷиву амонӣ ва сулҳу осоиши кишвар иброз доштанд, ки ҳар як ваҷаб замини корамро бо самар истифода бурда, дар корҳои созандаву ободкорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ, таъмири роҳҳои байнидеҳавӣ ва дигар ободкориҳо ҷиҳати рушди деҳот, инчунин сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон саҳми муносиби худро мегузоранд.