Хабарҳо

БОБОҶОНЗОДА ФАХРИЯ – АРЗАНДАИ МЕДАЛИ ХИЗМАТИ ШОИСТА

  Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, муовини раиси шаҳри турсунзода Бобоҷонзода Фахрия бо медали ХИЗМАТИ ШОИСТА қардонӣ шуданд. Мукофоти давлатӣ муборак, муаллимаи азиз!

Нуқтаи назар Сиёсат

  ЗУҲУРОТИ  ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАР  БАРОИ  БАШАРИЯТ 

        Дар ҷаҳони муосир равандҳое мавҷуданд, ки пайдоиш ва зуҳуроти онҳо на танҳо барои амнияту суботи ҷомеаи як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ, ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари байналмилалиро ба бор оварда, дар тамоми манотиқи олам […]

Аҳолӣ Вохӯри бо ҷамоат

МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОН ВА ХОҶАГИДОРОНИ ДЕҲОТ

Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо соҳибкорон ва хоҷагидорони ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Туйчиев мулоқот оростанд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат, ки зимни вохӯрӣ бо фаъолон дар ноҳияи Данғара бармеоянд, истифодаи босамари замин, хусусан, вусъати корҳои саҳроӣ дар самти кишти такрорӣ, саривақт ҷамъоварии дастранҷи деҳқон, захираи маводи […]

Вохӯри бо ҷамоат Хабарҳо

МАҚСАД: ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ШОМИЛШАВӢ БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Эҳсонзода Мусулмон Қобил бо иштироки ёрдамчии сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Бухоризода Беҳрӯз Рустам, инчунун сардори шуъбачаи пешгирӣ барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти экстрамистидошта дар гурӯҳи роҳияҳои Ҳисор майори милитсия Қадамзода Бахтиёр Сафархон вобаста […]

Хабарҳо

МУМФАРШКУНИИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД

 Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар рафти мумфаршкунии роҳи автомобилгарди кӯчаи Садриддин Айнӣ дар маркази шаҳр, ки  аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода оғоз гардид, иштирок намуданд. Сардори МДНРА-и шаҳр Гадоев Ҳокимҷон иттилоъ дод, ки дар доираи тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи таъмири […]

Варзиш

ҚАДРДОНИИ ВАРЗИШГАРОНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Имрӯз ба муносибати Рӯзи варзишгарон вохӯрии раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Првиз Акрам бо варзишгарони доир гардид. Варзиш ва тарзи ҳаёти солимро раиси шаҳр аз самтҳои муҳими пешрафти ҷомеа арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.Ҷавобан […]

Фарҳанг

ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

Имрӯз бо иштироки муовини раиси шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Фахрия дар шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор шуд Тибқи маълумоти мудири шуъбаи фарҳанги шаҳр Бӯриев Аслиддин дар озмуни мазкур аз корхонаву ташкилот, ҷамоату муассисаҳо ва коллеҷу литсейҳои шаҳри Турсунзода 190 нафар хоҳишмандон дар озмуни иштирок […]

Аҳолӣ Хабарҳо

ГУРӮҲИ КОРИИ БАДАХШОН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Дар доираи баргузории сафари омӯзишӣ, ки бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои таълимии касбӣ, табодули таҷриба ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни муассисаҳо, инчунин сафарбаркунии ҷавонон барои омӯзиши касбу ҳунар роҳандозӣ гардидааст, омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ – истеҳсолии муассисаҳои касбии техникии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо роҳбаладии муовини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии […]

Варзиш Фаъолияти Шӯроъ

БАРГУЗОРИИ ШӮРОИ РУШДИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ

Имрӯз бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода баргузор шуд. Дар ибтидо котиби раиси Шӯро, Фаридун Раҳмонов оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Турсунзода барои солҳои 2022-2026” ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ маълумот […]

Ҳамкорҳои байналмилалӣ

ҲАЙАТИ ПАРЛУМОНИ ҶОПОН ДАР “БОҒИ СОМОН”

Дар доираи баргузории мулоқоти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷопон ҳайати парлумонии Ҷопон таҳти сарварии Кейҷи Фуруя ва ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҳакимзода Шариф ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, аз токзори хоҷагии токпарварии “Боғи Сомон” дидан намуданд. Баъд аз пазироии самимӣ ба меҳмонорн навъҳои гуногуни ангурҳои шаҳдбори хоҷагӣ аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз […]