Комиссияи доимӣ Хабарҳо

ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ

print

Тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Эҳсонзода Мусулмон Қобил, иштироки комиссияҳои амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 ва Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва иштироки намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ роҳбарони ташкилоту идораҳо ва корхонаву муассисаҳои шаҳр маҷлиси васеъ доир гардид.

Дар ибтидо пешниҳоди Прокуратураи шаҳри Турсунзода аз 15 июли соли 2022, №8/5х1-22сод ва рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Турсунзода аз 1 июли соли 2021, №1041 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи амал доир ба амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 дар шаҳри Турсунзода» баррасӣ гардида,  инчунин рафти иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар шаҳри Турсунзодаро  дар нимсолаи якуми соли 2022 мавриди таҳлил қарор гирифт.

Дар ин замина доир ба амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 дар шаҳри Турсунзода» ҷараёни корҳои амалигардидаи бахши ҷавонон ва варзиш шунида шуд.

Дар идома вобаста ба иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар  нимсолаи якуми соли 2022 раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Туйчиев Турсунова Гулрухсор баромад намуд.

Баъд аз баррасии масъалаҳои рӯзнома муовини раиси шаҳр Эҳсонзода М иброз дошт, ки яке аз хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ тавсеаи ақидаҳои ифротӣ ва экстремизму терроризм ва коррупсия ба шумор рафта, вазъияти кунунӣ алайҳи он муборизаи дастаҷамъонаро тақозо менамояд.  Аз ин лиҳоз, бо мақсади боз ҳам пурзӯр намудани  фаъолият дар ин самт ҳар як аъзои комисия ва роҳбарону масъулини корхонаву ташкилот ва бахшу сохтирои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро мебояд корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар байни ҷавонону наврасон бештар намуда, ба ин васила зуҳури падидаҳои номатлуб дар ҷомеа пешгирӣ карда шавад.

Зиёев Зиёратшо, мудири шуъбаи РИРҶ, МИҲД ш Турсунзода

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *