Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор шуд.Бо мақсади иҷрои пешниҳодҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №26/10-108 дар бораи ҷараёни иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри    соли 2011, №АП-1729 оид ба ҷамъбасти нишастҳои матбуотӣ ва таъмин намудани намояндагони васоити ахбори омма бо маълумоти зарурӣ 3 рӯз қабл аз баргузории нишасти матбуотӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба табъ расонида шуд. Ҳамзамон, маълумоти мазкур дар шакли электронӣ ва шакли китобча ба хабарнигорони ҷумҳуриявию маҳаллӣ пеш аз оғози нишасти матбуотӣ тақсим гардид.

Дар рафти нишасти матбуотӣ аз нашрияҳои «Ҷумҳурият», АМИТ «Ховар», «Садои мардум», «Народная газета», «Халқ овози», «Минбари халқ», «СССР», «Фараж», «Пайк», шабакаҳои телевизионии ТВ «Сафина», «Ҷаҳоннамо», радиои «Тоҷикистон», «Садои Душанбе» нашрияҳои маҳаллии «Диёри Турсунзода», «Алюминийи Тоҷикистон», «Ҳидоят», маҷаллаҳои «Нури маърифат», «Тибби Бӯалӣ», телевизиони ҷамъиятии ТВ «Регар», радиои «Садои Осиё» иштирок намуданд.

Нишасти матбуотӣ бидуни хондани такрории хабарномаи иттилоотӣ аз ҷониби роҳбарияти шаҳр баргузор ва дар вақти ҷудошуда хабарнигорон вобаста ба масъалаҳои вазъи таъмини доруворӣ ба муассисаҳои тиббии деҳоти дурдаст, гузаронидани марҳалаҳои эмгузаронӣ бар зидди бемориҳои сироятӣ, шароити таҳсил дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода», пардохти саривақтии роҳкирои омӯзгорон дар давраи такмили ихтисос, таъмини оби ошомиданӣ ба аҳолӣ, иҷрои нақшаҳо вобаста ба саноатикунонии босуръати мамлакат, эълони солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат, пардохти саривақтии нафақаи нафақахӯрон аз ҷониби БДА «Амонатбонк», масъалаи таъмири роҳҳо ва таъмини оби гарм ба аҳолии шаҳр, дастгирии ҷавонони варзишгар, тадбирҳо вобаста ба сазовор пешвоз гирфтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо вобаста ба рушди шаҳр саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *