Комиссияи доимӣ Хабарҳо

ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ

Тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Эҳсонзода Мусулмон Қобил, иштироки комиссияҳои амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 ва Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва иштироки намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ роҳбарони ташкилоту идораҳо ва […]

Хабарҳо

ҲАНГОМИ ҲОЛАТИ ФАВҚУЛОДДА – ОБХЕЗӢ ВА ЗАМИНЛАРЗА ЧӢ БОЯД КАРД?

Дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии мудофиаи гражданӣ машқи мукаммал дар мавзуи “Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои хадамотҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои ҳудудӣ ва зинавии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда – обхезӣ ва заминларза” гузаронида шуд, ки дар рафти он […]

Маориф

ИДОМАИ БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода корҳои созанда муташаккилона идома дошта, хусусан ҷиҳати табиқи сиёсати маорифпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат ба бунёди синфхонаҳои иловагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ ҶӮРА РАҲМОН, ДЕҲАИ ЯНГИБОҒ, МТМУ 92 Бунёди иншооти мазкур бо дастгирии Хоҷагии токпарварии “БОҒИ СОМОН” амалӣ […]

Хабарҳо Ҳамкорҳои байналмилалӣ

МУЗОКИРОТИ СОДИРОТИ АНГУРИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА БА ҚАЗОҚИСТОН

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Меҳмононро ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода пазироӣ намуданд. Дар ибтидо ҳайати тоҷирон аз токзори “Боғи Сомон” дидан намуда, дар ин замина байни роҳбарияти шаҳр ва хоҷагидорон доир ба имкониятҳои истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода […]

Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор шуд.Бо мақсади иҷрои пешниҳодҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №26/10-108 дар бораи ҷараёни иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри    соли 2011, №АП-1729 оид ба ҷамъбасти […]

Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Нишондодҳои рушд

НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2022

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо мақсади иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Таҷикистон, фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастуру супоришҳои дар паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони шаҳр дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ чораҳои зарурӣ андешида, ба натиҷаҳои […]

Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ  ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Ҳамдиёрони азиз, Иди саиди Қурбон рамзи имону садоқат ва далели итоат ба Худованд, тарғибгари инсондӯстӣ, меҳру шафқат, хайру эҳсон ва  ахлоқи ҳамида арзёбӣ гардида, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизи мо ҳамасола бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ба ифтихори ин […]

Фаъолияти намояндагон

ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ МАИШӢ

Вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода дар баробари бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии интихобкунандагон, инчунин дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми муносиб гузошта, ба расонидани кӯмакҳо ба эҳтиёҷмандон низ пешсафанд. Иқдоми инсонпарваронаи муҳтарам Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолият қарор дода, аз ҷониби вакили халқ аз ҳавзаи интихоботии №20 Абдулло Давлатов дар ҳамкорӣ […]

Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

         Имрӯз Конферонсеияи XXIX ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ҳизбии ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода  бо иштироки муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, раиси шаҳри Турсунзода – аъзои Раёсати КИМ ХҲДТ Акрамзода Парвиз Акрам, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, собиқадорони ҲХДТ ва як қатор аъзои ташкилоти ҳизбӣ баргузор гардид. Дар ибтидо ҳисоботи […]

Сиёсат Фарҳанг Хабарҳо

НАШРИ МУШТАРАКИ «ДИЁРИ ТУРСУНЗОДА» ВА «САРИОСИЁ»

Дар доираи сиёсати дӯстонаю бародаронаи ду ҷумҳурии ҳамҷавор – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нашри муштараки ҳафтаномаҳои “Диёри Турсунзода” – и шаҳри Турсунзода ва “Сариосиё”-и ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз чоп баромад. Боиси зикр аст, ки ин аввалин шумораест, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи ҳамкории муштараки аҳли эҷоди ҳар ду нашрия рӯи чоп омад. Дар нашрияи […]