-
Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода чорабинии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “ОШЁНИ МЕҲР” ва фестивали Сад ранги чакан баргузр шуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии дигар шаҳру ноҳияҳо ва доираи васеи сокинон иштирок намуданд.
Дар ҳамин доира аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Турсунзода намоишгоҳи доманадор ташкил карда шуд, ки оилаҳои ҳунарманд, хоса занону боновон дастранҷи хеш, аз қабили маҳсулоти дӯзандагӣ, армуғонҳои гуногун, таому хуришҳои миллӣ ва ғайраро ба маъраз гузоштанд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба 10 ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба модари 10 тифли навзод шаҳодатномаи таваллуд тақдим гардид.
Ҳамчунин оилаҳои намунавии шаҳр барои ташкили оилаи солим, тарбияи дурусти фарзанд ва саҳм гузоштан дар пойдории оила дар мамлакат бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд.
Қисми тантанавии чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Зимни ибрози андеша раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам ва муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигорахон таъкид доштанд, ки устувории оила маҳаки асосии суботу тартиботи ҷомеа, ҳамчунин пойдории давлат маҳсуб меëбад. Оила маҳсули тамаддун буда, ба ҳаëти ҷомеа ба воситаи таваллуду тарбияи кӯдак, таъмини хонавода, такомули ҷисмонӣ, равонию ахлоқӣ ва маънавии аъзои оила таъсир мерасонад. Мақсад аз баргузор намудани чорабинӣ пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба расму оин ва фарҳанги оиладорӣ, таҳкими пояҳои ахлоқиву маърифатии оилаҳо, тарбияи комили фарзандон дар муҳити созандаву солиму оиладорӣ ва таъмини солимиву пойдории оилаҳо мебошад. Оила ошёни меҳр ва ниҳоди муқаддас маҳсуб ёфта, маҳз фарзандони солиму ватандӯст ва ҳунарманд дар оилаи солим тарбия меёбанд. Аз ин лиҳоз фестивали Сад ранги чакан низ дар ин рӯз рамзӣ баргузор гардида истодааст.
Дар маҷмуъ тантанаи бошукуҳ бахшида ба рӯзи байналмилалии оила хушу хотирмон доир гардид. Барномаи рангини аҳли фарҳанги шаҳри Турсунзода, ки бо иштироки аҳли фарҳанги шаҳр ва ҳунармандони ҷумҳуриявӣ аз ҷумла Зиёвуддин Нурзод пешниҳоди ҳозирин гардид, иборат аз таронаҳои пурмуҳтаво ва саҳначаҳои ибратомӯз буд, хотири иштирокдоронро болида сохт.