Шашмақом аз шоҳкориҳои бузурги санъати классикии тоҷик маҳсуб ёфта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушду такомул ёфта, ҳамасола 12 май дар саросари кишвар Рӯзи Шашмақом таҷлил мегардад.
Имрӯз ба муносибати Рӯзи Шашмақом дар кохи “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода базми мақомасароӣ баргузор шуд.
Муовини раиси шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Фахрия ҳунармандон ва мухлисони ин санъати асилро муборакбодӣ намуда, паёми шодбошии раиси шаҳрро ба аҳли ҳунар расонид,, кти дар он аз ҷумла омадааст: Миллати тамаддунофари тоҷик дар рушди фарҳанги башарӣ ва ба ин васила дар тарбияи маънавии ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми муносиб гузоштааст, ки санъати сунатии “Шашмақом” аз ҷумлаи махзани пурғановати фарҳангиву маънавии оламиён арзёбӣ мегардад.
Шашмақом ҳамчун санъати асили бостонӣ ва дурдонаи фарҳанги мусиқии классикии халқи тоҷик маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми давлатиро касб намуда, ҷиҳати омӯзиш ва рушду такомули он заминаи усутвор гузошта шуд. Бо ташаббус ва ибтикори муҳтарам Пешвои миллат “Шашмақом” аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун шоҳкории фарҳанги мусиқии ҷаҳонӣ пазируфта шуда, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард.
Дар ин замина ба омӯзиш ва ривоҷи ин санъати асил дар шаҳри Турсунзода низ таваҷҷуҳи хоса равона гардида, дар назди шуъбаи фарҳанг ансамбли касбии «Шашмақом» таъсис дода шуд, ки бо барномаҳои ҷолибу рангин ансамбли мазкур дар чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявию шаҳрӣ иштироки фаъолона дошта, ҷиҳати тарбияи насли ҷавони мақомсаро саҳми муносиб дорад”
Дар идома барномаи дастаи мақомсароёни шаҳр манзури мухлисон гардида, ба мухоисони Шашмақом рӯҳияи идона бахшид