Таҷлил

ФЕСТИВАЛИ ИЛМИВУ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОН

print

Имрӯз дар шаҳри Турсунзода дар доираи моҳномаи ҷавонон бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фестивали илмиву фарҳангӣ баргузор шуд.

Ҳамоиш таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Фахрия, иштироки  намояндагони прокуратура, суд, иштирокчии Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҷавонони фаъол  баргузор гардид.

Зимни баргузории қисми илмӣ ба ҷавонон ёддоштҳои худро аз ҷараёни Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирокчии иҷлосияи тақдирсоз Абдурасул Раҷабов  нақл намуд.

Дар маърӯзаи  намояндаи прокуратураи шаҳри Турсунзода Дилноза Мирзоева мавзӯи “Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва гирифтани пеши роҳи ифротгароӣ” мавриди тавзеҳ қарор гирифт.

Аз ҷониби намояндаи суди шаҳр Фирдавс Муродалӣ маърӯзаи илмӣ таҳти унвони “Иҷлосия ва Истиқлолият” ба самъи ҷавонон расонида шуд.

Дар қисмати фарҳангӣ ҳунармандони театри “Оина” саҳнаҳои пандомезро ба саҳна гузоштанд.

Дар идома  аз ҷониби аъзои маҳфили адабии “Адибони ҷавон”-и назди бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр  аз абёти адибони классикӣ ва муосир шеъруҳои ватандӯстонаву ҳикматомез қироат гардид.

 Дар фарҷом барои саҳмгузорӣ дар тарбияи насли солиму ояндасоз фаъолони шаҳр ва барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва корҳои ҷамъиятӣ як қатор ҷавонони фаъол бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ шуданд

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *