-
Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
Ин гуфтаҳо зимни ироаи паём аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида, ҷиҳати рушди соҳаи маориф аз ҷониби Сарвари давлат ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Ҷиҳати иҷрои дастури маорифпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода тадбирҳои зарурӣ андешида, аз ҷониби раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам ва масъулини соҳа дар тамоми деҳоти дуру наздик доир ба бунёди биноҳои нави таълимӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия бо фаъолону соҳибкорон, кумитаи падару модарони муассисаҳои таълимӣ суҳбату мулоқотҳо баргузор ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён гирифт.
Ин амали созанда самараи нек ба бор овард. Дар натиҷа танҳо дар се моҳи соли ҷорӣ бо мақсади муҳайё намудани шароити таҳсил дар назди 24 муассисаи таълимӣ сохтмони 24 бинои нави таълимӣ ба нақша гирифта шуд, ки дорои 239 синфхонаҳои иловагӣ буда, барои 5640 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Илова ба ин, ҷиҳати ба тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар шаҳр сохтмони 3 муассисаи томактабӣ барои 460 нафар кӯдак ба нақша гирифта шуд.
Корҳои сохтмонӣ дар тамоми муассисаҳо муташаккилона идома дошта, иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд