Ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола» ҷиҳати баҳогузорӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, аз гулгашту гармхонаҳо ва боғҳои фарҳангии шаҳри Турсунзода дидан намуданд. Ба аъзои комиссия иттилоъ дода шуд, ки тибқи низомнома даври якуму дуюми озмун дар сатҳи маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳр баргузор ва ғолибони он муайян гардиданд. Ҷиҳати иштирок дар озмун […]
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода рӯзҳои истироҳатӣ бо иштироки 1300 нафар намояндагони корхонаву ташктилот ва аҳолӣ дар маркази шаҳр ва ҳудуди ҷамоатҳои деҳот аксияи тозагии маҳал ва роҳ баргузор гардид. Дар ин замина корҳои ободонӣ ва тозакориҳои муҳити зист сурат гирифта, бехи гулу дарахтони […]
Соҳибкорони бонангу номус ва ободгару ватандўсти деҳаи Саркори Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Тўйчиев иқдоми навбатии неку созандаро амалӣ намуданд. ки намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин мебошад. Дар натиҷаи корҳои созанда дар доираи тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорони маҳал роҳи пиёдагарди даромадгоҳи деҳа сафолакпӯш гардида, ҷиҳати хуррамгардонии шафати роҳ […]