Экология

ОБОДОНӢ -МАЪРИФАТИ ШАҲРДОРИЮ ЭКОЛОГӢ

print
Соҳибкорони бонангу номус ва ободгару ватандўсти деҳаи Саркори Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Тўйчиев иқдоми навбатии неку созандаро амалӣ намуданд. ки намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин мебошад.
Дар натиҷаи корҳои созанда дар доираи тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорони маҳал роҳи пиёдагарди даромадгоҳи деҳа сафолакпӯш гардида, ҷиҳати хуррамгардонии шафати роҳ гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шуд.
Бо мақсади тоза нигоҳдоштани муҳити зист дар роҳрави мазкур 16 қуттии партов насб гардид, ки покизагии атрофро таъмин ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии сокинон мусоидат менамояд.
Дарахтони ҳамешасабзи сӯзанбарг, ки қаблан дар ин мавзеъ шинонида шуд, ба пуррагӣ сабз гардида, шафати роҳро таровати тоза бахшидааст.
Ҳамзамон роҳ бо фурӯзонакҳои муосир нурафшон гардида, ба сайргоҳи хурду бузург табдил гардидааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *