Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати Акрамзода Парвиз Акрам ва иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, инчунин муовинони риси шаҳр, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, масъулини корхонаву ташкилот ва дигар фаъолон вобаста ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода дар семоҳаи якуми соли 2022 маҷлисл васеъ баргузор шуд.
Муовини якуми раиси шаҳр Остоназода Сайдамин Ҳазрат оид
ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри ‘Турсунзода дар семоҳаи якуми соли 2022 ҳисобот дод. Аз ҷумла таъкид шуд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли мол кор ва хизматрасонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9% зиёд мебошад, аз ҷумла соҳаи саноат 12,3%, кишоварзӣ 1,1%, хизматрасонии пулакӣ 11,1%, сохтмон 2,1% ва соҳаи савдо 8.2% афзоиш ёфт.
Маоши кормандони соҳаи буҷет ва маблағи нафақаи нафақахӯрон пурра пардохт гардид.
Дар шаҳр 51 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 корхона зиёд мебошад.
Дар дораи тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону фаъолон бунёд ва ба истифода додани 398 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуд.
Ҳамчунин фаъолияти соҳаҳои буҷет, кишоварзӣ ва рушди иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.
Аз ҷонии раиси шаҳр ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ доир ба татбиқи ҳадафҳои созандаи мамлакат, дастуру супоришҳое, ки зимни ироаи паёми Президети мамлакат бармеоянд, идомаи корҳои созанда дар доираи татбирҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.