Тибқи банди 8 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода аз 26 августи соли 2021 баён доштанд, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар вазорату кумитаҳои дахлдор супориш дода шуд, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ таъмиру азнавсозии роҳҳои шаҳри Турсунзода анҷом дода шавад.
Дар ин замина мутахассисони шаҳри Турсунзода лоиҳаи “Таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилии маркази шаҳри Турсунзода”-ро омода ва ҷиҳати ҳамкорӣ ба Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пешниҳод намуданд.
Имрӯз ҷиҳати баррасии лоиҳаи мазкур намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, бо роҳбарияти шаҳр ва аъзои гурӯҳи кории татбиқи лоиҳа мулоқоти корӣ доир намуданд.
Раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам ба намояндагони БАТР изҳор доштанд, ки дар шаҳр ҳамкориҳои дуҷониба дар самти татбиқи Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Турсунзода”ба маблағи 4,995 млн. доллари ИМА дар давраи анҷомёбӣ қарор дошта, барои таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилии маркази шаҳр лоиҳаи навбатӣ пешниҳод мегардад.
Зимни суҳбат намояндагони БАТР изҳор доштанд, ки масъулини бонк ҷиҳати татбиқи лоиҳаи “Таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилии маркази шаҳри Турсунзода” таваҷҷуҳ зоҳир намуда, назарсанҷиҳои марҳилаи аввал вобаста ба татбиқи лоиҳа қаноатбахш арзёбӣ мегарданд.
Мулоқоти аввалини ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳа бо ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, баёнгари гузоштани аввалин қадамҳои усувор барои амалигардонии лоиҳа ба ҳисоб меравад.