Таҷлил

ТАНТАНАИ НАВРӮЗ ДАР ҶДММ “САРДОР-2008”

print

Имрӯз кормандони ҶДММ “САРДОР-2008” Наврӯзи хуҷастаро бо ифтитоҳи коргоҳи нави истеҳсолӣ, барномаи фарҳангӣ, ороиши дастархони ҳафт сину ҳафтшин, рақсу нишот, суруду таронаҳои ҳунармандони  ватанӣ ва санъаткорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҷлил намуданд.

Ба ҷараёни тантана ҳои идона раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам иштирок ва кормандони ҷамъиятро муборакбодӣ намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода кулли меҳнаткашони корхонаро ба муносибати ифтитоҳи марҳилаи навбатии коргоҳи нав ва Иди байналмилалии Наврӯз табрику муборакбод намуда, ҷиҳати дастгирии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба роҳбарияти ҷамъият изҳори сипос баён менамояд.

Аз ҷумла дастовардҳои корхонаро ёдрас гардида, раиси шаҳр иброз доштанд, ки дар баробари дигар дастовардҳои истеҳсолӣ соли ҷорӣ корхона ба Дипломҳои “Ибтикори тиллоӣ”, “Бренди мардумӣ” ва 2 ситораи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон”  сарфароз гардид, ки далели меҳнати пурсамари роҳбарият ва кулли кормандони ҷамъият маҳсуб меёбад.

          

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *