Саноат

ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ НАВ – ИҶРОИ ДАСТУРИ СОЗАНДАИ МУҲТАРАМ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

print

Имрӯз дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва эълони солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар корхонаи истеҳсоли хӯроквории ҶДММ “Сардор-2008” бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам коргоҳи нави муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои истеҳсоли нони хушк бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси соҳибкори ватандӯст Шавкат Мадраҳимов ба истифода дода шуд.

Боиси зикр аст, ки корхонаи истеҳсоли хӯроквории ҶДММ “Сардор-2008” 7 сентябри соли 2020 бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корхона дорои 6 сех, аз ҷумла, сехҳои истеҳсоли картошкаи қоқ, нони хушк, ғулачаҳои ширини ҷуворимақка, сақич, ҳалво, сехи истеҳсоли донаҳои офтобпараст, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр ва озмоишгоҳ иборат буда, дар он беш аз 200 нафар сокинони маҳал бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, зимни ифтитоҳи корхона аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати васеъ намудани фаъолияти истеҳсолӣ ба соҳибкор дастур дода шуд.

Инак, дастури созандаи муҳтарам Пешвои миллат амалӣ гардида,  коргоҳи нави нони хушк, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири истеҳсоли Туркия муҷаҳҳаз аст, ба фаъолияти истеҳсолӣ шуруъ намуд.  Агар қаблан дар ин коргоҳ 15 нафар сокинони маҳал бо кори доимӣ таъмин гардида бошанд, акнун шумораи кормандон аз ҳисоби сокинони маҳал беш аз 30 нафарро  ташкил дода, иқтидори истеҳсолии он низ ду маротиба афзоиш ёфт.

Муассиси корхона Шавкат Мадраҳимов ба раиси шаҳр иттилоъ дод, ки дар коргоҳ номгӯи маҳсулот низ зиёд карда шуд. Дар ибтидо агар ду номгӯи нони хушк  бо 4 таъм истеҳсол мегардид, пас айни ҳол истеҳсоли 4 номгӯи маҳсулот бо 8 таъм истеҳсол ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад.

Ҳамчунин соҳибкор аз дастгириҳои ҳамешагии муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳибкорӣ изҳори сипос баён намдуа, изҳор дошт, ки  минбаъд низ  фаъолияти корхонгаро васеъ намуда,  дар таъмини ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва “Солҳои рушди саноат” саҳмгузорӣ менамояд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *