Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода корҳои созандагӣ идома дорад.
Дар деҳаи Хуррамзамини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият бо иштироки Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва чоҳи амудӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мансур Абдушукуров сохта, ба истифода дода шуд.
Зимни суҳбат соҳибкори маҳаллӣ Мансур Абдушукуров иброз дошт, ки қаблан аз аҳолии деҳаҳои атроф ширро ҷамъоварӣ намуда, барои коркард ба корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ширии дигар шаҳру ноҳияҳо дастрас менамуд. Бо назардошти дар деҳот зиёд будани талабот ба маҳсулоти ширӣ ӯ аз ҳисоби даромадҳои хоҷагиии деҳқонии «Саидҷон», ки сараварии онро низ ӯ ба уҳда дорад, саршумори чорвои ширдеҳро зиёд намуда, иқдом пеш гирифт, ки коргоҳи хурди коркарди маҳсулоти шириро бунёд кунад.
Бо ифтитоҳи коргоҳ инчунин 6 нафар занону бонувони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
- Дар ибтидо мо коркарди 1 тонна ширро ба роҳ монда, аз ин ҳисоб 6 намуди маҳсулотро аз қабили қаймоқ, ҷурғот, кефир, сметана, фалла ва йогурт истеҳсол карда истодаем. Минбаъд бо роҳ ёфтан дар бозори истеъмолӣ коркарди шир ба 20 намуди маҳсулот расонида мешавад, – иброз дошт Мансур Абдушукуров.
- Боиси қайд аст, ки хоҷагии деҳқонии «Саидҷон» дорои 12,5 гектар замин буда, ба истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ машғул мебошад. Хоҷагидор Мансур Абдушукуров барои обёрии заминҳои корам аз ҳисоби даромади хоҷагӣ чоҳи амудиро ба истифода дод, ки чуқурии он 83 метрро ташкил дода, бо қубури қутраш 100 мм об бароварда шудааст.
- Мақсади асосии бунёди чоҳи амудӣ обёрӣ намудани заминҳои корами хоҷагии мо ва хоҷагиҳои гирду атроф мебошад. Зеро хоҷагии мо дар поёноби дарё қарор дошта, дар фасли гармо камчинии об мушоҳида мешапвад. Мо боварӣ дорем, ки минбаъд аз гирифтани 1-2 ҳосил маҳсулнокии заминҳои кишоварзӣ ба 3-4 ҳосил бароварда шуда, ба ин васила мо метавонем ба таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Мамлакат ба ҳисоб меравад, саҳми худро гузорем, – илова кард Мансур Абдушукуров.
- КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР