Имрӯз дар як қатор деҳаҳои ҷамоати 10-солагии Истиқлолият инфрасохтори таъиноташон мухталиф мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта истодаанд. Дар расми ифтитоҳи биноҳои маишиву хизматрасонӣ муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода Сайдамин Остоназода ва дигар фаъолони деҳот иштирок намуданд. Нахуст дар деҳаи Нақшбандон маркази хизматрасонии бонкии бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон ” Амонатбонк” мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуд. Мақсади асосӣ аз ифтитоҳи нуқтаи мазкур дастрасии бештар ва мусоид пайдо кардани сокинон ба низоми хизматрасонии бонкӣ мебошад.

