Фаъолияти намояндагон

ИҶЛОСИЯИ ДУВОЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА (ДАЪВАТИ ШАШУМ) БАРГУЗОР ШУД.

print

ИТТИЛОИЯ

Имрӯз таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати шашум) баргузор гардид, ки дар рафти он муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар фаъолони шаҳр иштирок намуданд.

Баъд аз интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия, ки фарогири 7 масъала буд, рӯзномаи иҷлосия мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома доир ба натиҷаи интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати шашум) дар ҳавзаи интихоботи «Шаҳраки дуюм» №7 ба ивази вакили хориҷшуда, ки санаи 27 марти соли 2022 доир гардид, раиси Комиссияи шаҳрии интихобот Шоимардонов О. Ҳ. ҳисобот дода, ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода эътирофи ваколати вакили навинтихобшуда Турсунова Гулрухсор Исмлоиловнаро  пешниҳод намуд. Вакилон пешниҳоди мазкурро  якдилона дастгирӣ намуда, дар ин замина  ба вакили тозаинтихоб шаҳодатномаи вакилӣ супорида шуд.

        Зимни баррасии масъалаҳои дуюм ва сеюми рӯзнома ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз 14 марти соли 2020, №6 «Дар бораи интихоби раис ва аъзои комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати шашум) тағйирот ворид гардида, Турсунова Г.И. узви комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода оид ба масъалаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иттилоот, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, занон ва оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак интихоб карда шуд.

         Ҳангоми баррасии масъалаи чорум маърӯзаи раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам «Дар бораи вазифаҳои минбаъдаи мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд» шунида шуд.

Зимни баррасии масъалаи панҷуми рӯзномаи ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатӣ, заминсозӣ, озуқа, беҳдошти замин ва обёрӣ, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист аз ҷониби  узви Комиссияи доимии мазкур Аҳмадзода Изатулло Атохоҷа манзури вакилон гардид.

           Вакилони халқ зимни баррасии масъалаи шашуми рӯзнома  лоиҳаи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзодаро «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонӣ дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ намуданд.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода «Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Турсунзода, ки дар байни иҷлосияҳои ёздаҳум ва дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода қабул гардидаанд, аз масъалаи ҳафтуми рӯзнома маҳсуб ёфта, аз ҷониби вакилон тасдиқ ва доир ба масъалаҳои баррасишуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *