Имрӯз дар толори маҷлисҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати панҷум) баргузор шуд, ки дар ҷараёги он чор масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар иҷлосия муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони дахлдори сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, корхонаю […]
Соҳибкорону фаъолон ва сокинони меҳнатдӯсту бонангу номӯси деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Регар санаи 1 марти соли ҷорӣ зимни вохӯрӣ бо раиси шаҳр идомаи корҳои сохтмониро дар муассисаи таҳсилотии №50, ки ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта бозистода буд, нақшагузорӣ намуда, имрӯз нияти неки худро ба амали бузург табдил доданд. Тавассути ҳашари сокинон корҳои сохтмонӣ оғоз шуданд. […]
Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода корҳои созанда муташаккилона идома дошта, хусусан ҷиҳати табиқи сиёсати маорифпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат ба бунёди синфхонаҳои иловагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ ҶӮРА РАҲМОН, ДЕҲАИ ЯНГИБОҒ, МТМУ 92 Бунёди иншооти мазкур бо дастгирии Хоҷагии токпарварии “БОҒИ СОМОН” амалӣ […]