Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода ба муносибати Рўзи варзишгарони Тоҷикистон чорабинии ботантана баргузор шуд, ки дар рафти он роҳбаорияти шаҳрдорӣ, варзишгарон, мураббиёну собиқадорон, кормандони соҳаи варзиш ва намояндагони корхонаву ташкилоти шаҳр ширкат намуданд. Чорабинӣ бо риояи талаботи беҳдоштӣ аз машқи пагоҳирӯзӣ оғоз гардид. Дар қисми тантанавӣ паёми табрикотии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр […]
Имрӯз дар кохи “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода ба ифтихори Рӯзи модар чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Нахуст раиси шаҳр Абдуқодир Вализода модарону бонувонро ба ифтихори ҷашни баҳору зебоӣ табрику таҳният гуфта иброз дошт, ки агар баҳор арӯс ва олиҳаи ҳусни сол маънидод шавад, пас Зан – Модар рамзи покӣ, озодагию назокат ва меҳрубонию садоқат ба ҳисоб меравад. […]
Санаи таърихии 9 сентябр торафт наздик мешавад. 27 сол қабл дар ин рӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин воқеа дар ҳаёти сиёсии мардуми Тоҷикистон муҳиму фараҳбахш дониста шуд. Бо соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, дар роҳи истиқлол бо мақсади баланд бардоштани иқтисодиёт, некӯаҳволии мардум қадамҳои устувор гузошт. Аз ҳама муҳим, […]