Таҷлил Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ТУРСУНЗОДА

print

Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор шуд.

Дар рафти ҳамоиши идона намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонони олиқадр аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони бахшу сохтор ва идораву ташкилот ҳамчунин сокинони шарифу сарбаланди шаҳри Турсунзода иштирок намуданд.

Нахуст раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ва дигар меҳмони олиқадр ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз самимона табрику шодбош гуфта, барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, фаровонии ҳосил дар заминҳои кишоварзӣ, пойдории сулҳу субот ва амнияту осудагӣ орзуву ниятҳои нек намуданд.

Сипас чорабинии рангини фарҳангии санъаткорони шуъбаи фарҳанг, ҳунармандони маъруфи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ситораи дурахшони санъати тоҷик бонуи ҳунар Ситораи Кароматулло ба тантанаҳои Наврӯзӣ шукуҳи дигар бахшид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *