Суханронии Кабириро дар солгарди “Паймони хунин” шунида, ба ростӣ аз ҳад зиёд густохӣ ва беадабӣ нисбат ба бузургони замони ислом яъне асҳоби паямбари Худо маро дар ҳайрат гузошт.
Аҷиб аст, ки гоҳо нафароне, ки ҷиноят содир менамоянд ва манофеи миллиро дар хатар гузошта, тибқи дастури бегонагон зидди давлату мардум амал мекунанд ва ба осиёи бегонагон об мерезанд, нашармида ба ниҳодҳои давлатӣ ва аз чумла ба Академияи илмҳо ва ба шахси Президенти ин ниҳод тавсия ҳам пешниҳод менамоянд.
Пӯшида нест, ки дар як муддати кӯтоҳ парда аз рӯйӣ ҳизби террористии наҳзат ва роҳбарони он бардошта шуда, он ҳама нақшаву ниятҳои муғризонаашон рӯйи об баромад. Чунин ранг гирифтани корро ҳатто роҳбарони наҳзат тасаввур намекарданд ва дар интизораш ҳам набуданд. Ин ҳолат роҳбарони ташкилот, аз ҷумла худи Муҳиддин Кабириро бисёр нороҳат карда, дар ҳолати шок […]