Фаъолияти Шӯроъ

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МИЛИИ КОР БО ҶАВОНОН

print
Имрӯз таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода баргузор шуд, ки дар он ду масъала- ахбори котиби Шӯро ва нақшаи Шӯро барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ибтидо котиби Шӯрои миллии кор бо ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода –мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода Ҳалимзода Умедҷон доир ба фаъолияти Шӯро дар соли 2021 ахбори муфассал пешниҳод намуд.
Аз ҷумла таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 719 чорабинӣ, аз ҷумла 268 чорабинии самти ҷавонон аз қабили 71-хониши сиёсӣ, 28 семинар- машварат, 27 аксия, 24-мизи мудаввар, 13 озмун, 8 фестивал ва 28- чорабинии фарҳангӣ-фароѓатӣ, 4- ҳамоиш , 3 роҳпаймоӣ , 62 мулоқоту вохӯрӣ ва 451 чорабинии варзишӣ (17578 нафар) доир гардид.
Дар доираи нақшаи кори Шӯро бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» низ як қатор тадбирҳо амалӣ гардид. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 260 нафар волонтёр аз ҳисоби барандагони стипендияҳои Президентӣ ва раиси шаҳр, варзишгарони беҳтарин ва донишҷӯёни фаъоли коллеҷу омӯзишгоҳҳои шаҳр интихоб шудаанд, ки АЗ ҷониби онҳо 27 аксияи тарбиявию ахлоқӣ таҳти унвони “Худ ва оилаатро аз бемориҳои сирояти ҳифз намо”, “Аз оворагардӣ ба дониш омӯзӣ”, “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст”, “Нашъамандӣ вабои аср”, “Ҷавонон зидди нашъамандӣ”, “Барои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол хизмат мекунем!”, “Ба муҳофизати Ватани маҳбубамон омодаем”, “Мо ҷавонон амалҳои ифротиро маҳкум менамоем” доир гардид.
Масъалаи дастгирии иҷтимоии ҷавонон ва ба шуѓл фаро гирифтани онҳо яке аз самтҳои муҳими стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб ёфта, дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ дар шаҳри Турсунзода то дар ин давра зиёда аз 220 нафар занону ҷавондухтарони бешуѓл ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд.
Дар ҳамкорӣ бо шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, ҷиҳати омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ ба маҳфилҳои кандакорӣ, кулолгарӣ, наққошӣ ва рассомӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ 220 нафар ҷавонону наврасон ҷалб гардиданд.
Дар қаламрави шаҳри Турсунзода 180 толору майдончаҳои варзишӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо наврасону ҷавонон дар 16 сексияҳои варзишӣ, ба машқу тамрини футбол, волейбол, таэквондо (ВТФ) ва (ИТФ), каратэ-до, гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи дзюдо, шоҳмот, шашка, варзиши сабук, бокс, муҳорибаи тан ба тан ва ғайра машғуланд.
Дар ин давра 389 нафар варзишгарони шаҳри Турсунзода дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба гирифтани 328 медал сазовор гардиданд, аз чумла 117 медали тилло, 107 медали нуқра, 104 медали биринҷӣ. Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бошад, 92 нафар варзишгарони шаҳр иштирок намуда, 8 медали тилло, 2 медали нуқра ва 15 медали биринҷиро ба даст оварданд.
Дар идома нақшаи кори Шӯро бари соли 2022 тасдий гардида, ҷиҳати татбиқи сиёсати двлатии ҷавонон ва иҷрои нақшаи Шӯро раиси шаҳр масъулинро муаззаф намуданд.
Дар идома вакили Маҷлис намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холова нуктаҳои вобаста ба сиёсати давлатии ҷавононро, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21 декабри соли 2021 баён шудаанд, маврид тавзеҳ қарор дод.
Дар хотима вобаста ба фаъолияти Шӯро сӯҳбати озод сурат гирифта, ҷиҳати боз ҳам тавсеа бахшидани кори он таклифу пешниҳодҳо баён гардид.
и ещё 3
Посмотреть статистику
Сайёхии Шахри Турсунзода, Дилшод Рахмонов и ещё 20
Поделились: 1

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *