Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо интихобкунандагон дар толори ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” бо мақсади шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, мулоқот доир намуд.
Дар ибтидо вакил доир ба санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат дар соли 2021 қабул кардааст, сиёсати дохилию хориҷии кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ ва дигар соҳаҳо маълумоти мукамал пешниҳод намуд.
Зимни тавзеҳи паҳлӯҳои паём масъалаи вобаста ба рушди соҳаи саноат мавриди шарҳ қарор гирифта, таъкид шуд, ки бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар зимни ироаи паём аз ҷониби Роҳбари давлат солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид.
Изҳор гардид, ки ин пешниҳоди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.
Вобаста ба пешниҳоди Президенти кишвар аз кулли саноатчиёни шаҳр, хусусан филизгудозони ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳошияи паём ва дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати давра ба давра боло бурдани иқтидори истеҳсолӣ ва афзоиши маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
Холмаҳмадзода Солеҳа инчунин аз паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда, изҳор доштанд, ки “ имконияту иқтидорҳои истифоданашуда барои боз ҳам тезонидани суръати саноатикунонӣ дар мамлакати мо ҳанӯз зиёд буда, захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки тавассути коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла металлҳои рангаву қиматбаҳо, инчунин, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш соҳаҳои саноати металлургия, сабуку хӯрокворӣ ва дорусозӣ рушд намуда, дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот афзоиш ёбад ва саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин карда шавад”.
Ҳамчунин аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон, ба андӯхтани дониш ва омӯзиши касбу ҳунар ҷалб намудани насли ояндасоз вазифаи ҷонии ҳар яки фарди ҷомеа буда, ҳар яки моро мебояд аз сулҳу амнияти пойдор ва осудагии Ватан шукрона намуда, барои ояндаи нек, ҷиҳати тақвияти иқтидори иқтисодии давлатамон ва ободии Ватани азизамон софдилонаву содиқона меҳнат карда, барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии худ кӯшиш ба харҷ диҳем.
Дар фарҷом вобаста ба масъалаҳои рӯзмарра аз ҷониби интихобкунандагон дархосту пешниҳодҳо баён гардиданд.