Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олии мамлакат баён гардиданд, вохӯрии раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳр доир гардид.
Раиси шаҳр иброз доштанд, ки соҳаи тандурӯстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти таваҷҷуҳи доими Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати рушди соҳа ва таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ маблағгузории соҳа сол то сол афзун гардида, дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар соҳаи тандурустии шаҳри Турсунзода низ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, нақлиёти санитарӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ таъмин гардид, ки ба рушди соҳа ва хизматрасонии босифати тиббӣ мусоидат намуд.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Сарвари давлат ба кормандони соҳа чунин вазифагузорӣ шуд:
– барои таъмин намудани дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда ҷиҳати минбаъд низ ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ дар амалияи тиббии муассисаҳои соҳавӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад;
– бо мақсади ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ ҷоннок карда шавад;
– доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
-ба масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд;
– бо мақсади пешгирии хурӯҷ ва паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19 корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ идома дода шавад;
– маъракаи эмгузаронии сокинони шаҳрро муташаккилона идома дода, ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти иммунизатсия корҳои фаҳмондадиҳӣ вусъат дода шавад.
-ҷиҳати баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ муассисаҳои соҳа аз ҷумла, шуъбаҳои беморхонаи марказӣ, беморхонаи №2, муассисаҳои шбакаи КАТС таъмиру тармим карда шаванд.
Дар индома раиси шаҳр ба кормандони соҳа ҷиҳати иштирок дар раванди корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сипосу миннатдорӣ баён намуданд.